Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро меомӯзад ва онро ба дигарон таълим медиҳад

Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро меомӯзад ва онро ба дигарон таълим медиҳад

Аз Усмон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро меомӯзад ва онро ба дигарон таълим медиҳад".

[صحيح] [رواه البخاري]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки беҳтарини мусалмонон ва волотарини онҳо назди Аллоҳ касе аст, ки тиловат, ҳифз, тартил, фаҳм ва тафсири Қуръонро фаро гирад ва ба он амал кунад ва ончи аз худ кардааст ба дигарон низ таълим диҳад.

فوائد الحديث

Баёни шарофати Қуръони карим, ки он беҳтарин калом аст, чун он каломи Аллоҳ аст.

Беҳтарин омузанда ҳамон аст, ки ба дигарон низ меомӯзонад.

Омӯзиш ва таълими Қуръон шомили тиловат, фаҳми маонӣ ва аҳкоми он аст.

التصنيفات

Фазилати иноят ба Қуръон