إعدادات العرض
Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад
Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад
Аз баъзе ҳамсарони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад"
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Français Bahasa Indonesia Русский اردو 中文 हिन्दी বাংলা Español Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Türkçe دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Soomaali Moore Українська Български Tagalog Wolof Azərbaycan ქართული bm Oromoo Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз рафтан ба назди арроф ҳушдор медиҳад. Арроф -ҳамон мунаҷҷим, коҳин ва раммол ва монанди инҳо аст, касоне ки бо гуфтани баъзе аз суханон иддиои илми ғайб мекунанд-. Пурсидани умури ғайбӣ аз чунин ашхос сабаб мешавад Аллоҳ инсонро аз савоби чиҳил рӯз намозаш маҳрум бигардонад, ки ин муҷозоте аст барои ин гуноҳи бузург. Мунаҷҷим ё ситорашинос касе аст, ки бар асоси бурҷҳо ва қарор гирифтани ситораҳо иддиои ғайбгуӣ ва пешбинии ояндаро мекунанд.فوائد الحديث
Фолбинӣ ва рафтан ба назди фолбинҳо ва пурсидани онҳо аз ғайбиёт ҳаром аст.
Мумкин аст инсон ҳамчун муҷозот барои гуноҳаш аз савоби тоъатҳои худ маҳрум шавад.
Нигаристан ба бурҷҳо (бурҷҳои фалакӣ), ба кафи даст ва дар пиёла хондан -ҳатто агар барои маълумот ва кунҷкобӣ бошад- низ шомили ин ҳукм аст, зеро ин ҳама навъе аз фолбинӣ ва иддиои илми ғайб ҳастанд.
Агар ин муҷозоти касе аст, ки назди фолбин меравад, пас муҷозоти шахси фолбин чигуна аст?
Намози чиҳил рӯзи ӯ дуруст ва ниёз ба қазо доштан нест, аммо савоб надорад.
التصنيفات
Номҳо ва аҳком