إعدادات العرض
Мо дар дили худ чизҳое (ба монанди шак ва куфр) меёбем, ки ба забон овардани он бароямон бисёр сахт аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Оё чунин…
Мо дар дили худ чизҳое (ба монанди шак ва куфр) меёбем, ки ба забон овардани он бароямон бисёр сахт аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Оё чунин аст, ки мегӯед?" Гуфтанд: бале. Фармуданд: "Он имони холис аст
Аз Абуҳурайра, (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гурӯҳе аз асҳоби Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди эшон омаданд ва аз ӯ (с) пурсиданд: Мо дар дили худ чизҳое (ба монанди шак ва куфр) меёбем, ки ба забон овардани он бароямон бисёр сахт аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Оё чунин аст, ки мегӯед?" Гуфтанд: бале. Фармуданд: "Он имони холис аст"
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Kurdî Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore Oromoo Wolof Soomaali Tagalog Français Azərbaycan Українська bm தமிழ் Deutsch ქართული Português mk Magyar فارسی ln Русскийالشرح
Гурӯҳе аз ёрони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди Паёмбари Худо омаданд ва аз ӯ дар бораи шак ва васвасаҳои бузурге, ки дар дили худ эҳсос мекарданд ва аз сабаби зишт будани онҳо аз ба забон оварданашон танаффур доштанд, пурсиданд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: Ончи дар дили шумо шӯъла мезанад ва боис шудааст, ки дар баробари ончи шайтон дар дилатон андохта аст истодагарӣ карда ва аз ба забон овардани он худдорӣ мекунед, имони холис ва яқин аст, ки ин худ нишонае аз роҳ наёфтани Шайтон ба дилҳои шумост, бар хилофи касоне, ки Шайтон бар дилҳои онҳо мусаллат гашта дар баробари он ҳеҷ чорае надоранд.فوائد الحديث
Баёни заъфи Шайтон дар баробари муъминон ва баёни инки танҳо қодир ба васваса аст.
Бовар накардан ба васвасаҳое, ки дар нафси инсон мегузарад, зеро он аз ҷониби Шайтон аст.
Васвасаи Шайтон осебе бар шахси мӯъмин намерасонад, аммо бояд аз васвасаҳои шайтонӣ ба Худо паноҳ барад ва аз он худдорӣ кунад.
Мусалмон набояд дар мавриди ончи боиси шак дар динаш мешавад сукут кунад, балки бояд дар ин бора (аз аҳли илм) бипурсад.