Ба бутҳо (маъбудони ботил) ва падаронатон савганд ёд накунед

Ба бутҳо (маъбудони ботил) ва падаронатон савганд ёд накунед

Аз Абдурраҳмон ибни Самура (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба бутҳо (маъбудони ботил) ва падаронатон савганд ёд накунед."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз савганд ёд кардан ба тоғутҳо наҳйи кардаанд. "Тавоғит" ҷамъи "тоғут" аст ва он бутҳое буданд, ки мушрикон онҳоро ба ҷои Аллоҳ Таъоло ибодат мекарданд, ки сабаби куфру туғёни онон шуда буданд. Ҳамчунин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз савганд ёд кардан ба падарон низ наҳй карданд. Чунки дар замони ҷоҳилият арабҳо ба падаронашон савганд ёд мекарданд ва бо ин роҳ ифтихор карда, онҳоро бузург медоштанд.

فوائد الحديث

Савганд ёд кардан танҳо ба номи Аллоҳ ва номҳову сифатҳои Ӯ ҷоиз аст.

Савганд ёд кардан ба тоғутҳо, падарон, роҳбарон, бузургон, бутҳо ва монанди инҳо ҳаром аст.

Савганд ёд кардан ба ҷуз Аллоҳ, ширки асғар аст ва мумкин аст то ширки акбар бирасад, агар дар дили худ ба савгандёдшуда таъзим ва бузургворӣ намояд. Зеро ин монанди бузург донистани Худованд ва эътиқоди чизе аз ибодат барои он аст.

التصنيفات

Тавҳиди улуҳият