إعدادات العرض
Аллоҳ Таъоло шуморо аз савганд ёд кардан ба падаронатон манъ мекунад
Аллоҳ Таъоло шуморо аз савганд ёд кардан ба падаронатон манъ мекунад
Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ Таъоло шуморо аз савганд ёд кардан ба падаронатон манъ мекунад". Умар гуфт: Ба Аллоҳ савганд аз он замоне ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ба он (падарон) савганд нахӯрдаам, чи қасдан бошад ё нақл кардан (и савганди дигар кас).
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Português Kurdî മലയാളം Kiswahili සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Română Kinyarwanda తెలుగు Lietuvių Nederlands Soomaali Shqip Српски Deutsch Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar தமிழ் Македонски မြန်မာ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки Аллоҳ Таъоло савганд хӯрдан ба падаронро манъ кардааст, пас ҳар ки савганд хӯрдан бихоҳад, танҳо ба номи Аллоҳ савганд бихӯрад ва ба каси дигар қасам нахӯрад. Сипас Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) зикр кард, ки аз вақте, ки наҳйи кардани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидааст, ҳаргиз ба он савганд нахӯрдааст, на қасдан ва на бо нақл кардани қасам ёд кардани каси дигар.فوائد الحديث
Савганд ёд кардан ба ғайри номи Аллоҳ ҳаром аст. Инҷо ба таври хос савганд ба падаронро ном бурд, зеро он аз одатҳои замони ҷоҳилият аст.
Савганд: Савганд ба Аллоҳ, ба номҳои Аллоҳ ва ё ба сифатҳои Аллоҳ дар коре барои тасдиқи ва таъкиди он аст.
Фазилати Умар (разияллоҳу анҳу) дар суръати пазириши (амри Паёмбар) ва итоаткорӣ, фаҳмиши хуб ва парҳезгории ӯ.
التصنيفات
Тавҳиди улуҳият