إعدادات العرض
Агар саг дар зарфи яке аз шумо бинӯшад, бояд онро ҳафт бор бишӯяд
Агар саг дар зарфи яке аз шумо бинӯшад, бояд онро ҳафт бор бишӯяд
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар саг дар зарфи яке аз шумо бинӯшад, бояд онро ҳафт бор бишӯяд". Дар ривояти Муслим ин изофа омадааст: "Нахустини он (шустан) бо хок бошад."
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tagalog ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî Kiswahili සිංහල অসমীয়া ગુજરાતી Tiếng Việt Nederlands नेपाली پښتو Svenska മലയാളം Кыргызча Română తెలుగు ಕನ್ನಡ Српски ქართული Moore Kinyarwanda Magyar Македонски Čeština Українська Wolof Lietuvių አማርኛ Azərbaycan Malagasy Oromoo ไทย বাংলা मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Deutsch ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дастур доданд, ки агар саг забонашро дар даруни зарф андозад, бояд он зарф ҳафт бор шуста шавад, бори аввал бо хок, то ин ки покии комил аз наҷосат ва олудагии даҳони саг бартараф шавад.فوائد الحديث
Оби даҳони саг (луоб) наҷис аст, наҷосати муғаллаза аст.
Саге, ки зарфро лесид ё аз он об хӯрд, он зарф ва оберо, ки дар он аст, наҷис месозад.
Пок кардан бо хок ва такрори ҳафт бор махсус ба поксозӣ аз оби даҳони саг аст, на пешоб, мадфуъ ё дигар ашёе, ки саг олуда кардааст.
Тарзи шустани зарф бо хок: дар зарф об мерезад ва ба он хок илова мекунад, сипас бо ин омехта зарфро мешӯяд.
Зоҳири ҳадис умумӣ аст барои ҳамаи сагҳо, ҳатто сагҳое, ки шаръ иҷозат додааст, мисли сагҳои шикорӣ, посбонӣ ва сагӣ рама.
Собун ва шуяндаҳои монанди он ҷои хокро гирифта наметавонанд, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) махсусан хокро ном бурдааст.
