إعدادات العرض
Беҳтарин диноре, ки инсон харҷ мекунад, динорест, ки барои хонаводааш сарф мекунад, динорест, ки барои василаи нақли худ барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад ва…
Беҳтарин диноре, ки инсон харҷ мекунад, динорест, ки барои хонаводааш сарф мекунад, динорест, ки барои василаи нақли худ барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад ва динорест, ки барои дӯстони худ дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад
Аз Савбон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Беҳтарин диноре, ки инсон харҷ мекунад, динорест, ки барои хонаводааш сарф мекунад, динорест, ки барои василаи нақли худ барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад ва динорест, ки барои дӯстони худ дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад." Абуқилоба гуфт: Аз хонавода шуруъ кард, сипас Абуқилоба гуфт: Подоши чи касе бузургтар аз подоши касе аст, ки бар фарзандони кӯчакаш инфоқ кунад ва ин гуна ононро покдоман тарбият кунад. Аллоҳ ба василаи ӯ ононро нафъ бирасонад ва бениёзашон гардонад.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Kiswahili Português සිංහල دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Yorùbá Кыргызча Hausa ગુજરાતી नेपाली മലയാളം Română Nederlands Soomaali پښتو తెలుగు Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Lietuvių Македонски Azərbaycan Wolof Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) навъҳои инфоқро баён карданд ва барои шароите, ки ҳазинаҳои пуршуморе вуҷуд дошта бошад, онро мувофиқи муҳимтар ва воҷибтар мураттаб сохт ва бо тартиб аз муҳимтаринаш оғоз кард. Пас гуфт, ки харҷи пуле, ки савобаш аз ҳама бештар аст, он аст, ки мусалмон ба касе сарф мекунад, ки бояд барояш сарф кунад, монанди зану фарзанд. Сипас бар маркабе, ки барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ омода карда шавад. Сипас инфоқ барои асҳобу ҳамроҳонаш, ки барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ омадаанд.فوائد الحديث
Тартиби инфоқ аз нигоҳи фазилат, мувофиқи ҳамин тартибе аст, ки зикр шудааст ва дар ҳолати вуҷуди чанд ҳазина бояд ин тартиб риоят шавад ва он чи муҳимтар аст муқаддам дошта шавад.
Баёни афзалияти инфоқ бар хонадон ва бартарии он аз назари фазилат бар дигар ҳазинаҳо.
Сарфи мол барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ яке аз бузургтарин нафақаҳо аст, аз қабили омода кардани абзор ва мардон барои ҷиҳод.
Ҳамчунин гуфта шудааст: Мақсад аз роҳи Аллоҳ, ҳамагуна тоат аст, масалан ҳаҷ.
