Ҳеҷ рӯзеро бандагон саҳар намекунанд магар ин ки ду фаришта фуруд меояд. Яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки инфоқ мекунад, ивази онро бидиҳ! Дигарӣ мегӯяд:…

Ҳеҷ рӯзеро бандагон саҳар намекунанд магар ин ки ду фаришта фуруд меояд. Яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки инфоқ мекунад, ивази онро бидиҳ! Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки бозмедорад, талаф бидеҳ!" (Яъне, моли бахилро талаф бидеҳ)

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ рӯзеро бандагон саҳар намекунанд магар ин ки ду фаришта фуруд меояд. Яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки инфоқ мекунад, ивази онро бидиҳ! Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки бозмедорад, талаф бидеҳ!" (Яъне, моли бахилро талаф бидеҳ).

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳар рӯз, ки офтоб тулуъ мекунад ду фаришта фуруд меояд ва нидо мекунад, яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки молашро дар роҳи тоатҳо, барои аҳли хона, меҳмон ва корҳои хайру нек сарф мекунад, ивази беҳтар аз он чи сарф намудааст бидеҳ, бо беҳтаринаш иваз кун ва барояш баракат бидеҳ. Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки аз инфоқ кардан даст боз медорад талаф ва зарар бидеҳ ва молеро, ки аз ҳақдоронаш боздоштааст, нобуд гардон.

فوائد الحديث

Барои шахси саховатманд дуо кардан, ки Худованд ба ӯ подоши бештар диҳад ва беҳтар аз он чи сарф кардааст ато намояд, ҷоиз аст. Ҳамчунин дуо кардан бар шахси бахил, ки молаш талаф ёбад, низ ҷоиз аст, чун ки ӯ дар сарф кардани молаш дар он чи Аллоҳ Таъоло воҷиб гардонидааст, бухл варзидааст.

Фариштагон барои муъминони некӯкор ва саховатманд ба хайр ва баракат, дуо мекунанд ва дуои онон мустаҷоб аст.

Тарғиб ба нафақа кардан дар воҷибот ва нофилаҳо, монанди нафақа ба аҳли хона, силаи раҳм ва корҳои хайр.

Баёни фазилати шахси нафақакунанда дар роҳҳои хайр, ки саранҷоми кораш ин аст, ки Худованд онро бозпас барояш медиҳад. Худованд мефармояд: "Ва ҳар чизеро [ки дар роҳи Аллоҳ Таъоло] инфоқ кунед, Ӯ ба ҷойи он [мол- ва беҳтар аз он –ба шумо] бозпас медиҳад; ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст) (Сураи Сабаъ, ояти 39).

Ин дуо алайҳи шахсест, ки аз сарфи нафақаҳои воҷиб худдорӣ мекунад. Аммо сарфи нафақаҳои мустаҳаб (нофила), агар касе онро накунад, сазовори чунин дуо намешавад.

Бахилӣ ва хасисӣ ҳаром аст.

التصنيفات

Садақаи мустаҳаб