Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ансор фармуданд: "Ҳеҷ кас онҳоро дӯст намедорад, магар муъмин. Ва ҳеҷ кас, аз онҳо нафрат надорад, магар мунофиқ. Ҳар…

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ансор фармуданд: "Ҳеҷ кас онҳоро дӯст намедорад, магар муъмин. Ва ҳеҷ кас, аз онҳо нафрат надорад, магар мунофиқ. Ҳар ки онҳоро дӯст дорад, Аллоҳ ӯро дӯст медорад. Ва ҳар ки аз онҳо нафрат дорад, Аллоҳ аз ӯ нафрат дорад

Аз Бароъ (разияллоҳу аҳну) ривоят аст: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ансор фармуданд: "Ҳеҷ кас онҳоро дӯст намедорад, магар муъмин. Ва ҳеҷ кас, аз онҳо нафрат надорад, магар мунофиқ. Ҳар ки онҳоро дӯст дорад, Аллоҳ ӯро дӯст медорад. Ва ҳар ки аз онҳо нафрат дорад, Аллоҳ аз ӯ нафрат дорад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки муҳаббати ансор аз аҳли Мадина нишонаи комил будани имон аст. Ин ба делели он аст, ки ансор дар пуштибони аз Ислом ва ёрии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва талош барои паноҳ додани мусалмонон ва додани молу ҷонашон дар роҳи Аллоҳ собиқадор буданд. Ва буғзу бадбинӣ аз онҳо нишонаи нифоқ аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар ки ансорро дӯст дорад, Аллоҳ ӯро дӯст медорад ва ҳар ки онҳоро бад бинад Аллоҳ ӯро бад мебинад.

فوائد الحديث

Ин ҳадис шомили фазилати бузурге барои ансор аст. Зеро муҳаббати онон нишонаи имон ва бароати онон нишонаи нифоқ аст.

Дӯст доштани авлиёи Аллоҳ ва ёрӣ додани онон, сабаби муҳаббати Аллоҳ ба банда аст.

Фазилати собиқони (пешгомон) аввалин дар Ислом.

التصنيفات

Шуъбаҳои имон, Фазилати саҳоба (Худованд аз онҳо розӣ бод)