Ман ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле, ки ҳарду ҷунуб будем аз як зарф ғусл мекардем. Ва ҳангоми дар ҳолати ҳайз буданам манро амр мекард, ки эзор…

Ман ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле, ки ҳарду ҷунуб будем аз як зарф ғусл мекардем. Ва ҳангоми дар ҳолати ҳайз буданам манро амр мекард, ки эзор бипӯшам ва бо ман муошират мекард

Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки фармуд: Ман ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле, ки ҳарду ҷунуб будем аз як зарф ғусл мекардем. Ва ҳангоми дар ҳолати ҳайз буданам манро амр мекард, ки эзор бипӯшам ва бо ман муошират мекард. Ва дар ҳоли дар эътикоф буданаш сарашро ба сӯи ман берун мебаровард ва дар ҳоле ки ҳайз будам онро мешустам.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) дар бораи баъзе аз ҳолатҳои хусусияшон бо Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нақл кардааст. Аз ҷумла, ӯ ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз як зарфи об ғусли ҷанобат мекарданд ва ҳамроҳ аз он об мегирифтанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ мехостанд дар ҳоли ҳайз бо ӯ муошират кунанд, амр мекарданд, ки худро аз ноф то зонӯ бипӯшонад ва сипас бо ӯ муошират мекарданд, бидуни ин ки бо ӯ ҳамхоба шавад. Ва ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар масҷид эътикоф менишастанд, сарашро ба сӯи Оиша, ки дар хонааш буд мебароварданд ва ӯ дар ҳоли ҳайз буданаш сари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро мешуст.

فوائد الحديث

Ғусл кардани зану мард аз як зарфи об ҷоиз аст.

Муошират кардани зани ҳоиз дар ғайри шармгоҳ, ҷоиз аст ва ин ки баданаш пок аст.

Пӯшидани эзор (пӯшондани байни ноф ва зону) дар вақти муошират мустаҳаб аст.

Гирифтани сабабҳое, ки аз афтодан дар ҳаром монеъ мешавад.

Мондани зани ҳоиз дар масҷид манъ аст.

Дастрас кардани чизҳои тар ё хушк аз ҷониби зани ҳоиз, аз ҷумла шустани сар ва шона кардани мӯй мубоҳ аст.

Муоширати некӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо хонаводаашон.

التصنيفات

Роҳнамоӣи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар никоҳ ва муошират бо ҳамсаронаш