Ҳамаи уммати ман дар амон хоҳанд буд, магар ошкоркунандагон, онон, ки гуноҳони худро ошкор мекунанд

Ҳамаи уммати ман дар амон хоҳанд буд, магар ошкоркунандагон, онон, ки гуноҳони худро ошкор мекунанд

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳамаи уммати ман дар амон хоҳанд буд, магар ошкоркунандагон, онон, ки гуноҳони худро ошкор мекунанд. Ва аз ҷумлаи чунин корҳо ин аст, ки шахс дар шаб амалеро (гуноҳеро) анҷом диҳад ва шабро ба саҳар бирасонад, дар ҳоле ки Аллоҳ онро бар ӯ пӯшонидааст, пас бигӯяд: Эй фалонӣ! Дишаб чунину чунон кардам. Ӯ шабро гузаронд, дар ҳоле ки Парвардигораш ӯро пӯшонида буд, сипас саҳар пӯшиши Парвардигорро аз худ бармедорад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён кардааст, ки мусалмони гунаҳкор ба афву мағфирати Аллоҳ Таъоло умед дорад, магар касе, ки гуноҳашро бо фахру такаббур ва вақоҳат баён мекунад, сазовори бахшиш нест. Зеро шабҳангом гуноҳ мекунад ва Аллоҳ Таъоло онро мепӯшонад, вале ӯ ба дигарон мегӯяд, ки дар шаб фалон гуноҳро анҷом додааст. Шабро бо ситру пӯшиши Парвардигор мегузаронад ва саҳар он пӯшиши Парвардигорро аз худ бармедорад ва гуноҳи кардаашро ошкор мекунад.

فوائد الحديث

Баъд аз он ки Аллоҳ Таъоло гуноҳро пӯшонидааст, ошкор кардани он зишт аст.

Гуноҳро ошкоро анҷом додан, паҳн кардани фаҳшо дар байни мӯъминон аст.

Ҳар киро Аллоҳ дар дунё пӯшонидааст, дар охират низ ӯро мепӯшонад ва ин аз вусъати раҳмати Аллоҳ Таъоло барои бандагонаш аст.

Ҳар кас, ки ба гуноҳе гирифтор шудааст, бояд худро бипӯшонад ва гуноҳро ошкоро накунад ва ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло тавба кунад.

Бузургии гуноҳи касоне, ки қасдан ошкоро гуноҳ мекунанд ва худро аз фурсати бахшиш маҳрум мекунанд.

التصنيفات

Накуҳиши гуноҳон