إعدادات العرض
Касе, ки аз нармӣ (мулоимӣ) маҳрум шавад, аз хайру хубӣ (некӣ) маҳрум мешавад
Касе, ки аз нармӣ (мулоимӣ) маҳрум шавад, аз хайру хубӣ (некӣ) маҳрум мешавад
Аз Ҷарир (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Касе, ки аз нармӣ (мулоимӣ) маҳрум шавад, аз хайру хубӣ (некӣ) маҳрум мешавад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Kurdî Português தமிழ் অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી Nederlands پښتو नेपाली Hausa മലയാളം Svenska Кыргызча Română ಕನ್ನಡ Српски తెలుగు ქართული Moore Magyar Македонски Čeština Kinyarwanda Українська Lietuvių Wolof Azərbaycan Malagasy ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Deutsch دری አማርኛ ភាសាខ្មែរ Oromoo Shqip မြန်မာالشرح
Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳанд, ки ҳар кас аз нармӣ ва мулоимӣ маҳрум гардад, чи дар корҳои диниву дунявӣ, чи дар муомила бо худ ва дигарон, ӯ аз ҳама хайру хубӣ маҳрум шудааст.فوائد الحديث
Фазилати нармӣ ва ташвиқ ба ин ахлоқи некӯ ва мазаммати хушунат ва зӯроварӣ.
Нармию меҳрубонӣ сабаби хайру некӯӣ ду ҷаҳон ва густариши умури онҳост, аммо зӯрӣ ва хушунат акси он аст.
Нармӣ натиҷаи хулқи нек ва дили соф аст, вале зӯрӣ аз хашму бадхӯӣ сар мезанад. Аз ин рӯ, Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нармиро ситоиш намуда, дар ин бора муболиға намуданд.
Суфёни Саврӣ (раҳимаҳуллоҳ) ба шогирдонаш гуфт: Оё медонед нармӣ чист? Нармӣ он аст, ки ҳар чизро дар ҷояш гузорӣ, шиддатро дар ҷояш, мулоимиро дар ҷояш, шамшерро дар ҷояш ва тозиёнаро дар ҷояш.
التصنيفات
Ахлоқи писандида