Эй фарзанди одам! Ҳаргоҳ манро мехонию ба ман умед дорӣ, туро бар он чи ки буд (ба хотири амалҳоят) меомурзам ва аз ту парвое надорам

Эй фарзанди одам! Ҳаргоҳ манро мехонию ба ман умед дорӣ, туро бар он чи ки буд (ба хотири амалҳоят) меомурзам ва аз ту парвое надорам

Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: Худованд фармудааст: "Эй фарзанди одам! Ҳаргоҳ манро мехонию ба ман умед дорӣ, туро бар он чи ки буд (ба хотири амалҳоят) меомурзам ва аз ту парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар гуноҳони ту ба абрҳои осмон бирасад ва онгоҳ аз ман талаби омурзиш кунӣ, туро меомурзам ва гуноҳони туро хоҳам бахшид ва парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар ба сӯи ман биоӣ дар ҳоле, ки ба пурии замин гуноҳ ва хато дорӣ, вале ба ман ширк наоварӣ, ман бо замини пур аз мағфират ва бахшиш ба сӯи ту меоям".

[حسن] [رواه الترمذي]

الشرح

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло дар ҳадиси қудсӣ фармудааст: Эй фарзанди Одам! То вақте ки Маро дуо мекунӣ ва ба раҳмати Ман умед дорӣ ва ноумед намешавӣ, гуноҳатро мепӯшонам ва онро пок мекунам ва ба он аҳамияте намедиҳам, ҳарчанд он гуноҳ аз ҷумлаи гуноҳони кабира бошад. Эй фарзанди Одам! Агар гуноҳони ту он қадар зиёд шаванд, ки миёни осмон ва заминро пур кунанд, то он ҷо ки тамоми гӯшаҳояшро фаро гиранд, сипас аз Ман омурзиш бихоҳӣ, ҳамаи онро маҳв мекунам ва мебахшам ва ба бисёрии онҳо аҳамият намедиҳам. Эй фарзанди Одам! Агар баъд аз марг бо гуноҳону маъсиятҳое назди Ман биёӣ, ки андозаи тамоми заминро фаро гирифтаанд, вале дар ҳолате ба наздам биёӣ, ки Манро ягона дониста бошӣ ва ба Ман ҳеҷ шарик қарор надодаӣ, тамоми гуноҳонатро бо андозаи замин мағфират мекунам. Зеро Ман соҳиби мағфирати васеъ ҳастам ва ғайр аз ширк ҳама гуноҳонро меомурзам.

فوائد الحديث

Вусъати раҳмат, мағфират ва фазли Аллоҳ Таъоло.

Фазилати тавҳид ва ин ки Аллоҳ Таъоло гуноҳони муваҳидонро мебахшад.

Хатари ширк ва ин ки Аллоҳ Таъоло мушриконро намебахшад.

Ибни Раҷаб мегӯяд: Дар ин ҳадис се сабабе, ки бо онҳо гуноҳон бахшида мешаванд, зикр шудааст: Дуо бо ҳамроҳии умед, истиғфор ва талаби тавба, мурдан бар тавҳид (яъне, бе ширк).

Ин ҳадис аз он ҳадисҳоест, ки Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Парвардигораш ривоят кардааст ва он ҳадиси қудсӣ ё илоҳӣ номида мешавад. Лафз ва маънояш аз ҷониби Худост, аммо он хусусиятҳои Қуръонро надорад. Хондани он монанди Қуръон ибодат маҳсуб намешавад; барои хондани он таҳорат шарт ва лозим нест; мушриконро барои мисли он овардан ба чолиш накашидааст ва инчунин монанди Қуръон муъҷизанок нест.

Гуноҳҳон се навъанд:

Якум: Ширк варзидан ба Аллоҳ, ин гуноҳест, ки Аллоҳ Таъоло онро намебахшад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ҳар ки ба Худо ширк оварад, Худо биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст).

Дуввум: Зулми банда бар худ дар миёни ӯ ва Парвардигораш, яъне гуноҳҳон ва маъсиятҳое, ки фақат миёни банда ва Худованд ҳастанд. Худованд метавонад ин гуноҳҳонро биомурзад ва аз он гузарад, агар бихоҳад.

Севум: Гуноҳҳоне, ки Худованд чизе аз онҳоро раҳо намекунад ва онҳо иборатанд аз зулми бандагон байни якдигар. Дар ин ҳолат, ҳатман қасос гирифта мешавад, ҳисобу китоб сурат мегирад ва ҳақҳо ба соҳибонашон бозгардонида мешаванд.

التصنيفات

Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо, Тавба