إعدادات العرض
Садоқат ва ростиро пеша кунед, зеро ростӣ ба некӣ мебарад ва некӣ ба биҳишт мебарад
Садоқат ва ростиро пеша кунед, зеро ростӣ ба некӣ мебарад ва некӣ ба биҳишт мебарад
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Садоқат ва ростиро пеша кунед, зеро ростӣ ба некӣ мебарад ва некӣ ба биҳишт мебарад. Ҳамвора шахс рост мегӯяд ва ростиро меҷӯяд, то ин ки назди Худованд ростгӯ навишта мешавад. Аз дурӯғ парҳез кунед, ки дурӯғ ба фисқу фуҷур мебарад ва фисқу фуҷур ба дӯзах. Ҳамвора шахс дурӯғ мегӯяд ва дар дурӯғ талош мекунад, то ин ки назди Худованд дурӯғгӯ навишта мешавад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Kurdî Português தமிழ் অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી Nederlands پښتو नेपाली മലയാളം Svenska Кыргызча Română ಕನ್ನಡ Српски తెలుగు ქართული Moore Magyar Македонски Čeština Українська Lietuvių Kinyarwanda Azərbaycan አማርኛ Wolof Malagasy ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Deutsch ភាសាខ្មែរ Oromoo Shqip မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сидқу ростгӯӣ амр намуданд ва хабар доданд, ки риояи он ба амалҳои савоб ва пойдории корҳои нек мерасонад. Ва касе, ки пайваста некӣ кунад, ба биҳишт мерасад. Ҳамвора ростӣ дар ниҳону ошкоро аз ӯ сар мезанад, то ин ки сазовори номи "сиддиқ" мегардад, ки он маънои бисёр ростгӯ ва содиқ буданро дорад. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дурӯғ ва суханони ботил ҳушдор дод, зеро онҳо инсонро аз ростӣ дур мекунанд ва ба амалҳои бад, фосид ва гуноҳ мебаранд, ки дар охир ӯро ба дӯзах мерасонад. Ӯ ончунон дар дурӯғгӯӣ зиёдаравӣ мекунад, ки назди Худованд дурӯғгӯ навишта мешавад.فوائد الحديث
Ростгӯӣ хислати некест, ки бо талош ва кӯшиш ба даст оварда мешавад. Пайваста шахс рост мегӯяд ва ростиро ҷустуҷӯ мекунад, то ин ки барояш одат ва табиати ӯ мегардад. Ин гуна ӯ назди Худованд аз ҷумлаи ростгӯён ва некӯкорон навишта мешавад.
Дурӯғгуӣ хислати бадест, ки шахс бо такрори зиёд ва ҷустуҷӯи гуфтору рафторҳои дурӯғин онро соҳиб мешавад, то ки барои ӯ хислат ва одат мегардад. Сипас назди Худованд аз ҷумлаи дурӯғгӯён навишта мешавад.
Ростӣ ба ростгӯии забон гуфта мешавад, ки муқобили дурӯғ аст. Инчунин ростгӯӣ дар ният, ихлосу самимият аст, ростгӯӣ дар қасд, иродаи амалҳои нек ва ростгӯӣ дар амалу рафторро дар бар мегирад. Ҳатто камтарини он баробарӣ ва ҳамоҳангии нияти пинҳон ва ошкоро аст. Ростгӯӣ дар мақомҳо, мисли тарс, умед ва ғайра низ шомил мешавад. Касе, ки ин ҳама хислатҳоро дошта бошад, бисёр ростгӯ (сиддиқ) номида мешавад ва агар як қисми онро дошта бошад, ростгӯ (содиқ) мебошад.
التصنيفات
Ахлоқи писандида