إعدادات العرض
Ҳар кӣ Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр намояд, ӯро дар дин фақиҳ (олим) мегардонад
Ҳар кӣ Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр намояд, ӯро дар дин фақиҳ (олим) мегардонад
Аз Муовия (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар кӣ Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр намояд, ӯро дар дин фақиҳ (олим) мегардонад, ҳамоно ман Қосим (тақсимкунанда) ҳастам ва онеки ато мекунад Аллоҳ аст. Ин уммат то замоне зери дастуроти Аллоҳ побарҷо аст, касе ба онон зиён намерасонад, то инки амри Аллоҳ фаро расад".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල தமிழ் دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Soomaali Moore Українська Български Wolof Azərbaycan ქართული bm Oromoo Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳаркас Аллоҳ барояш иродаи хайр кунад, фаҳми дин ба ӯ ато мекунад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) қосим аст, яъне ончи Аллоҳ аз ризқу рӯзӣ, илм ва дигар чизҳо ба ӯ ато фармудааст, тақсим мекунад, аммо бахшандаи воқеӣ Худованд аст ва дигарон василае ҳастанд, ки ҷуз ба изни Аллоҳ суде намебахшанд. Ин уммат то замоне пойбанди фармони Худо ҳастанд то фаро расидани қиёмат касе ба онҳо зиён намерасонад.فوائد الحديث
Фазилати омӯзиши илми шаръӣ ва таълим додану тарғиб кардан ба он.
Ногузир дар ин уммат касоне ҳастанд, ки ҳақро барпо медоранд, ҳаргоҳ гурӯҳе аз он даст бикашанд, гуруҳи дигаре анҷомаш хоҳанд дод.
Фаҳми дин аз ҷумлаи иродаҳои неки Аллоҳ барои бандагон аст.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба амр ва иродаи Аллоҳ медиҳад ва ӯ молики чизе нест.
التصنيفات
Фазли илм