Инки бигӯям Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар, барои ман маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки офтоб бар он тулӯъ мекунад

Инки бигӯям Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар, барои ман маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки офтоб бар он тулӯъ мекунад

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Инки бигӯям Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар, барои ман маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки офтоб бар он тулӯъ мекунад".

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармоянд, ки зикри Аллоҳ Таъоло бо ин калимоти бузург аз дунё ва ҳар ҳарчи дар он аст беҳтар аст, ки иборатанд аз: "Субҳоналлоҳ": Пок донистани Аллоҳ аз ҳамагуна камбудӣ ва нуқсон. "Алҳамдулиллоҳ" Ҳамду ситоиши Аллоҳ бо сифатҳои комилаш ва муҳаббату бузургдошти Ӯ Таъоло. "Ло илоҳа иллаллоҳ": Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ. "Аллоҳу акбар" бузургтару бартар аз ҳама чиз.

فوائد الحديث

Ташвиқ ба зикри Аллоҳ, ва инки зикри Аллоҳ маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки банда дар давоми рӯз анҷом медиҳад.

Ташвиқ ба зикри зиёд гуфтан, бинобар савоб ва фазилати он.

Лаззати дунё ночиз ва ҳавасу шаҳвати он зудгузар аст.

التصنيفات

Зикрҳои мутлақ (бе қайд бо вақт ва адад)