إعدادات العرض
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ришвадиҳанда ва ришвагирандаро дар ҳукм лаънат намудаанд
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ришвадиҳанда ва ришвагирандаро дар ҳукм лаънат намудаанд
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ришвадиҳанда ва ришвагирандаро дар ҳукм лаънат намудаанд."
[Саҳеҳ] [رواه الترمذي وأحمد]
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Français Русский हिन्दी Indonesia 中文 বাংলা ئۇيغۇرچە اردو Español Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands Hausa دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली or ಕನ್ನಡ Română Soomaali Српски Wolof Українська Tagalog Moore Azərbaycan ქართული Magyar Deutsch Македонски Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ришвадиҳанда ва ришвагиранда дуои дур ва берун шудан аз раҳмати Аллоҳро карданд. Ришва молест, ки ба қозиҳо (судяҳо) дода мешавад, то ба фоидаи касе, ки тарафи онҳо аст, ҳукм кунад ва дар натиҷа ришвадиҳанда ба ноҳақ ба ҳадафи худ даст ёбад.فوائد الحديث
Ришва гирифтан, додан, миёнаравӣ кардан ва кумак кардан дар он ҳаром аст. Зеро дар он ҳамкорӣ барои расидан ба ботил аст.
Ришва аз гуноҳони кабира аст. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) диҳанда ва гирандаи онро лаънат кардааст.
Ҷурми ришва дар боби қазо ва ҳукм (судя ва ҳукм кардан) сахттар ва гуноҳаш бештар аст. Зеро он шомили зулм ва ҳукм кардан ба ғайри он чи Аллоҳ нозил кардааст, мебошад.
التصنيفات
Одоби қозӣ (довар)