إعدادات العرض
Ҳар шутур, ки дар гардан ресмон ва гарданбанд дорад бурида шавад
Ҳар шутур, ки дар гардан ресмон ва гарданбанд дорад бурида шавад
Аз Абубашири Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки : Дар яке аз сафарҳо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд ва Расули Аллоҳ дар ҳоле, ки мардум барои шабгузаронӣ ҷойгир шуда буданд касеро фиристод ва фармуд: "Ҳар шутур, ки дар гардан ресмон ва гарданбанд дорад бурида шавад".
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Wolof Soomaali Moore Українська Български Azərbaycan ქართულიالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар яке аз сафарҳои худ, ки мардум дар хаймаҳои худ буданд, шахсеро назди онон фиристод то бигӯяд тамоми гарданбандҳои шутуронро, чи аз зиҳ (зиҳи камон) бошад ё зангӯла ва ё ҳатто наъл, бигиранд, зеро онҳо аз тарси чашм расидан ин амалро анҷом медоданд. Бинобарин дастур дода шуданд то ҳама онро қатъ кунанд, зеро он чашм ва зарарро дафъ намекунад, суд ва зиён ҳама ба дасти Аллоҳи ягона аст, ки Ӯро шарик нест.فوائد الحديث
Овехтани ресмону гарданбандҳо барои ҷалби манфиат ё дафъи зиён ҳаром аст, зеро он аз ҷумлаи ширкиёт аст.
Бастани гарданбанд агар барои зиннат ё идора кардани ҳайвонот бошад боке надорад.
Инкор кардани мункар ба андозаи тавон воҷиб аст
Қалб бояд ба Худои ягона ва бешарик мутааллиқ ва вобаста бошад.
التصنيفات
Тавҳиди улуҳият