Аллоҳ Таборак ва Таъоло ба аҳли биҳишт мегӯяд: Эй аҳли биҳишт! Онҳо мегӯянд: Лаббайк, Парвардигори мо! Мо итоат мекунем ва хушбахтем! …

Аллоҳ Таборак ва Таъоло ба аҳли биҳишт мегӯяд: Эй аҳли биҳишт! Онҳо мегӯянд: Лаббайк, Парвардигори мо! Мо итоат мекунем ва хушбахтем! Худованд мепурсад: Оё шумо розӣ ҳастед? Онҳо мегӯянд: Чаро розӣ набошем, дар ҳоле ки ба мо чизҳоеро додӣ, ки ба ҳеҷ як аз махлуқоти Худ надодаӣ?

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ Таборак ва Таъоло ба аҳли биҳишт мегӯяд: Эй аҳли биҳишт! Онҳо мегӯянд: Лаббайк, Парвардигори мо! Мо итоат мекунем ва хушбахтем! Худованд мепурсад: Оё шумо розӣ ҳастед? Онҳо мегӯянд: Чаро розӣ набошем, дар ҳоле ки ба мо чизҳоеро додӣ, ки ба ҳеҷ як аз махлуқоти Худ надодаӣ? Худованд мефармояд: Ман ба шумо чизе беҳтар аз ҳамаи инҳо медиҳам. Онҳо мегӯянд: Эй Парвардигор, чӣ чизе беҳтар аз ин аст? Худованд мефармояд: Ман ризоияту хушнудии худро шомили ҳоли шумо мегардонам ва ҳаргиз пас аз ин бар шумо хашм намегирам."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло ба аҳли биҳишт, вақте ки онҳо дар биҳишт ҳастанд, мегӯяд: Эй аҳли биҳишт! Онҳо дар ҷавоб мегӯяд: Лаббайк, Парвардигори мо, хушбахтии мо дар итоати туст! Худованд ба онҳо мегӯяд: Оё розӣ шудед? Онҳо мегӯянд: Бале, розӣ шудем. Чаро розӣ нашавем, дар ҳоле ки ба мо чизҳоеро додӣ, ки ба ҳеҷ кас аз махлуқоти Худ надодаӣ! Баъд аз он Худованд мегӯяд: Оё намехоҳед чизе беҳтар аз инро ба шумо бидиҳам? Мегӯянд: Эй Парвардигор! Чӣ чизе метавонад аз ин беҳтар бошад?! Худованд мегӯяд: Ман ризоияти доимиамро барои шумо нозил мекунам ва ҳеҷ гоҳ пас аз он бар шумо хашм намегирам.

فوائد الحديث

Сухан гуфтани Аллоҳ Азза ва Ҷалла ҳамроҳи аҳли биҳишт.

Муждаи Аллоҳ Таъоло ба аҳли биҳишт, ки Ӯ аз онон розӣ аст ва розигии Худро шомили ҳоли онон гардонидааст ва дигар ҳаргиз бар онон хашм намегирад.

Ризоият ва хушнудии ҳама касоне, ки дар биҳишт ҳастанд аз ҳолати худ, бо вуҷуди фарқ доштани манзилатҳо ва дараҷаҳояшон. Зеро ҳамаи онҳо бо як ҷавоб гуфтанд: "Ба мо чизе додӣ, ки ба ҳеҷ каси дигар аз махлуқотат надодаӣ." (Яъне, ҳар кадомашон он қадар неъмат диданд, ки фикр карданд беҳтаринро доранд. Ин нишонаи комили ризоият, қаноат ва некбахтии ҷовидона аст).

التصنيفات

Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо, Сифатҳои биҳишт ва дӯзах