Эй Расули Аллоҳ! Мо ҷиҳодро беҳтарин амал медонем, оё ҷиҳод накунем? Фармуд: "На, вале беҳтарин ҷиҳод ҳаҷҷи пазируфташуда аст

Эй Расули Аллоҳ! Мо ҷиҳодро беҳтарин амал медонем, оё ҷиҳод накунем? Фармуд: "На, вале беҳтарин ҷиҳод ҳаҷҷи пазируфташуда аст

Аз Оиша, модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Мо ҷиҳодро беҳтарин амал медонем, оё ҷиҳод накунем? Фармуд: "На, вале беҳтарин ҷиҳод ҳаҷҷи пазируфташуда аст."

[Саҳеҳ] [رواه البخاري]

الشرح

Саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ҷиҳод дар роҳи Худо ва мубориза бо душманонро аз беҳтарин амалҳо медонистанд. Бинобар ин Оиша (разияллоҳу анҳо) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Оё ҷиҳод накунанд? (яъне, занҳо) Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳор ба беҳтарин ҷиҳод дар ҳаққи занон роҳнамоӣ карданд, ки он ҳаҷҷи мабрур, мувофиқ бо Қуръон ва суннат ва дур аз гуноҳу риё аст.

فوائد الحديث

Ҷиҳод яке аз беҳтарин амалҳо барои мардон аст.

Ҳаҷ барои занон беҳтар аз ҷиҳод аст ва барои онҳо аз беҳтарин амалҳост.

Амалҳо вобаста ба амалкунанда, бартарӣ меёбанд ва мутафовит мешаванд.

Ҳаҷро ҷиҳод номидаанд, зеро он ҷиҳод бо нафс аст ва дар он мол ва тавони баданӣ сарф мешавад. Бинобар ин монанди ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ навъе аз ибодатҳои баданӣ ва молӣ аст.

التصنيفات

Фазилати ҳаҷ ва умра