Сафҳоятонро рост кунед, зеро рост кардани саф аз камоли намоз аст

Сафҳоятонро рост кунед, зеро рост кардани саф аз камоли намоз аст

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Сафҳоятонро рост кунед, зеро рост кардани саф аз камоли намоз аст."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намозгузоронро амр намуданд, ки сафҳои худро рост кунанд, тавре ки яке пештар ва яке ақибтар набошад. Ва баён намуданд, ки рост кардани сафҳо аз камоли намоз ва каҷ будани саф навъе аз халал ва норасоӣ дар намоз аст.

فوائد الحديث

Машруъияти таваҷуҳ ба ҳар чизе, ки намозро комил ва онро аз камбудӣ дур мекунад.

Ҳикмати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар таълим додан, ба тавре, ки ҳукмро ҳамроҳ бо сабаби он зикр карданд, то ҳикмат аз ташреъ ошкор шавад ва шунавандагон барои пазириши он ташвиқ шаванд.

التصنيفات

Аҳкоми имом ва маъмум, Аҳкоми масҷидҳо