Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар вақти шуруъ кардан ба намоз

Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар вақти шуруъ кардан ба намоз

Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар вақти шуруъ кардан ба намоз (такбири таҳрима гуфтан) дастонашро то баробари шонаҳояшон боло мебурданд. Инчунин ҳангоми такбири рукуъ ва бардоштани сараш аз рукуъ, низ дастонашро боло мебурданд ва "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Раббано ва лакал-ҳамд" мегуфтанд. Дар вақти саҷда ин корро анҷом намедоданд.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар се мавзеъ дар намоз дастонашро то баробари шонаҳо боло мебурд, яъне ҷое, ки маҳали пайвандии бозу бо китф аст. Мавқеъи аввал: Ҳангоми шуруъи намоз дар такбири таҳрима. Дуввум: Ҳангоми такбир гуфтан барои ба рукуъ рафтан. Сеюмм: Ҳангоми аз рукуъ бархостан ва "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Раббано ва лакал-ҳамд" гуфтан. Ҳангоми саҷда кардан ва аз саҷда бархостан ин корро анҷом намедод.

فوائد الحديث

Аз ҳикматҳои бардоштани дастон дар намоз ин аст, ки зиннати намоз ва таъзими Аллоҳ Таъоло аст.

Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит аст, ки дар мавзеъи чаҳорум ҳам рафъи ядайн кардааст. Чунон ки дар ривояти Абуҳумайди Соъидӣ назди Абудовуд ва дигарон омадааст. Ва он ҳангоми бархостан аз ташаҳҳуди аввал дар намозҳои се ракаъатӣ ва чаҳор ракаъатӣ аст.

Ҳамчунин аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит аст, ки дастонашро то рӯ ба рӯи гӯшҳояш боло мебурд, бе ин ки онҳоро ламс кунад. Чунон ки дар ривояти Молик ибни Ҳувайрис дар саҳеҳайн омадааст, ки "Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ такбир мегуфтанд дастонашонро боло мебурданд, то дар баробари гӯшҳояшон қарор мегирифт."

Бо ҳам якҷо гуфтани тасмиъ ва таҳмид (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ ва Раббано ва лакал-ҳамд) барои имом ва касе, ки танҳо намоз мехонад, аст. Аммо касе, ки аз паси имом намоз мехонад, "Раббано ва лакал-ҳамд" мегӯяд.

Гуфтани "Раббано ва лакал-ҳамд" баъд аз рукуъ, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит аст ва он бо чаҳор шакли гуногун ривоят шудааст, ки ин яке аз он шаклҳо аст ва беҳтар ин аст, ки инсон ҳар чаҳор суратро бигӯяд, инро як маротиба ва гоҳе дигариро ва ҳамин гуна.

التصنيفات

Равиш ва сифати намоз