Ҳар кас содиқона шаҳодатро аз Худованд талаб кунад, Худованд ӯро ба мақомҳои шаҳидон мерасонад, ҳатто агар дар бистари худ вафот кунад

Ҳар кас содиқона шаҳодатро аз Худованд талаб кунад, Худованд ӯро ба мақомҳои шаҳидон мерасонад, ҳатто агар дар бистари худ вафот кунад

Аз Саҳл ибни Ҳунайф (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас содиқона шаҳодатро аз Худованд талаб кунад, Худованд ӯро ба мақомҳои шаҳидон мерасонад, ҳатто агар дар бистари худ вафот кунад."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки ҳар касе шаҳодат ва кушта шудан дар роҳи Худоро талаб кунад ва дар нияташ содиқ ва мухлис бошад, Худованд ба ӯ дараҷаҳои шаҳидонро медиҳад, ҳатто агар дар бистар ва берун аз майдони ҷиҳод бимирад.

فوائد الحديث

Саҳеҳ будани ният бо анҷоми имконоти даркорӣ сабаби расидан ба ҳадафи подош ва савоб аст, ҳатто агар амали матлубро мустақиман анҷом надиҳад.

Ташвиқ ба ҷиҳод ва дар роҳи Худо ҷоннисорӣ кардан.

Икром, бузургдошт ва муҳаббати Худованд ба ин уммат, ки бо камтарин амалҳо ба онҳо болотарин дараҷаҳои биҳиштро ато мекунад.

التصنيفات

Амалҳои дил, Фазилати ҷиҳод