إعدادات العرض
Наздиктарин вақте ки Парвардигор ба банда наздик аст, дар охири шаб аст
Наздиктарин вақте ки Парвардигор ба банда наздик аст, дар охири шаб аст
Аз Абуумома ривоят аст, ки гуфт: Амр ибни Абса (разияллоҳу анҳу) бароям ривоят кард, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Наздиктарин вақте ки Парвардигор ба банда наздик аст, дар охири шаб аст. Агар тавонисти дар он вақти шаб аз он касоне бошӣ, ки Худовандро зикр мекунанд, чунон бош."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Kurdî Kiswahili Português தமிழ் Русский অসমীয়া ગુજરાતી Nederlands پښتو नेपाली മലയാളം Svenska Кыргызча Română ಕನ್ನಡ Српски తెలుగు ქართული Moore Kinyarwanda Magyar Македонски Čeština Українська Lietuvių አማርኛ Wolof Azərbaycan Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Deutsch ភាសាខ្មែរ Shqip မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки Парвардигор дар сеяки охири шаб нисбат ба дигар вақтҳо ба бандааш наздиктар аст; агар - эй муъмин - тавонӣ, ки дар он вақт аз он нафарони ибодаткунанда, намозгузор, зикркунанда ва тавбакунанда бошӣ, ин фурсате аст, ки бояд ғанимат шумурд ва дар он талош намуд.فوائد الحديث
Ташвиқи мусалмон бар зикр кардан дар охири шаб.
Бартарии вақтҳо бар якдигар, барои зикр, дуо ва намоз.
Мирак дар бораи тафовут миёни ин ду ҳадис чунин гуфтааст: "Наздиктарин вақте ки Парвардигор ба банда бештар наздик аст," ва ҳадиси "Наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигораш, дар ҳоли дар саҷда буданаш аст." Дар ҳадиси аввал баёни вақте аст, ки Парвардигор беш аз дигар вақтҳо ба банда наздик аст, ки он дили шаб аст. Дар ҳадиси дувум баёни наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигор мебошад, ки он ҳолати дар саҷда будани банда аст.
التصنيفات
Сабабҳои иҷобати дуо ва монеаҳои он