إعدادات العرض
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ атса мезад, даст ё либосашро болои даҳонаш мегузошт ва бо он садои худро паст мекард
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ атса мезад, даст ё либосашро болои даҳонаш мегузошт ва бо он садои худро паст мекард
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ атса мезад, даст ё либосашро болои даҳонаш мегузошт ва бо он садои худро паст мекард.
[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي وأحمد]
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Кыргызча Yorùbá ગુજરાતી नेपाली മലയാളം Română Nederlands Soomaali پښتو తెలుగు Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof বাংলা አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ ភាសាខ្មែរ Tagalog Shqip தமிழ் မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ атса мезад: Аввал: Дасти худро ё либосашро бар болои даҳон мегузошт, то аз бинӣ ё даҳонаш чизе берун наояд, ки боиси озори ҳамнишинон шавад. Дуввум: Садои худро паст мекард ва бо садои баланд атса намезад.فوائد الحديث
Баёни роҳу равиши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар атса задан ва пайравӣ аз ӯ.
Гузоштани даст ё либос ё ягон чиз бар болои даҳон вақти атса задан мустаҳаб аст, то чизе аз даҳон ё бинӣ набарояд ва сабаби озори ҳамнишинон шавад.
Ҳангоми атса задан овозро паст кардан матлуб аст ва ин нишонаи камоли адаб ва аз макорими ахлоқ аст.
