إعدادات العرض
Ҳокимон ва амироне хоҳанд буд, пас шумо (баъзе аз корҳои ононро ба некӣ) мешиносед ва (баъзеро) инкор мекунед. Ва ҳар ки (амалҳои бади онҳоро ба дил) инкор кунад, (аз…
Ҳокимон ва амироне хоҳанд буд, пас шумо (баъзе аз корҳои ононро ба некӣ) мешиносед ва (баъзеро) инкор мекунед. Ва ҳар ки (амалҳои бади онҳоро ба дил) инкор кунад, (аз гуноҳ) солим мемонад ва лекин ҳар ки (ба амалҳои бади онҳо) розӣ шуд ва пайравӣ кард
Аз Умми Салама модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳокимон ва амироне хоҳанд буд, пас шумо (баъзе аз корҳои ононро ба некӣ) мешиносед ва (баъзеро) инкор мекунед. Ва ҳар ки (амалҳои бади онҳоро ба дил) инкор кунад, (аз гуноҳ) солим мемонад ва лекин ҳар ки (ба амалҳои бади онҳо) розӣ шуд ва пайравӣ кард, (гунаҳгор аст)". Гуфтанд: Оё бо онҳо ҷанг накунем? Фармуд:" На, то вақте ки намоз мегузоранд."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá සිංහල தமிழ் دری Кыргызча or Kinyarwanda नेपाली Română Lietuvių Nederlands Soomaali Српски Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar Македонски አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки амироне бар мо ҳоким хоҳанд шуд, ки баъзе аз амалҳои онон мувофиқи шариат аст, хуб медонем ва баъзе дигарро, ки мухолифи шариат аст, мункар мебинем. Пас ҳар кас, ки он кори бадро бо дилаш бад дид ва қодир ба инкораш набуд, аз гуноҳ ва нифоқ пок мондааст. Ва ҳар ки қодир бошад, ки бо даст ё забони худ инкор кунад ва ба онҳо инкор кунад, аз гуноҳ ва мушорикат дар он солим мондааст. Аммо касе, ки аз кори онон розӣ бошад ва дар он кор аз онон пайравӣ кунад, ҳаммонанди онон ҳалок хоҳад шуд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсиданд, ки оё бо ин ҳокимон, ки чунин ҳастанд ҷанг накунем? Ӯ ононро аз ин кор манъ кард ва фармуд: На, то вақте ки намозро дар миёни шумо баргузор мекунанд (наҷангед).فوائد الحديث
Яке аз нишонаҳои нубуввати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додани ӯ аз корҳои ғайбӣ аст, ки ба вуқуъ мепайвандад. Ва ончунон ки он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфта буд, ба вуқуъ мепайвандад.
Ба кори бад розӣ шудан ё дар он ширкат кардан ҷоиз нест ва инкор кардани он воҷиб аст (агарчи бо дил ҳам бошад).
Агар ҳокимон кореро анҷом доданд, ки мухолифи шариат бошад, итоат аз онон дар он кор ҷоиз нест.
Бар зидди ҳокимони мусулмон исён кардан ҷоиз нест, ба далели фасоду хунрезӣ ва аз даст додани амният, ки дар пайи он мешавад. Пас сабр кардан ба рафтори мункари ҳокимони нофармон ва сабр кардан дар баробари зиёни онон осонтар аст.
Намоз аҳамияти бузург дорад, зеро он ҷудокунанда байни куфр ва ислом аст.
التصنيفات
Хуруҷ бар имом (ҳоким)