إعدادات العرض
Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад
Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад"
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Français ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල தமிழ் ไทย دری Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda O‘zbek Akan नेपाली Moore Azərbaycan Wolof Oromoo Soomaali Українська km bm rn ქართული mkالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъзе аз ҳуқуқи як мусалмон бар мусалмони дигарро ингуна баён фармуданд: Нахустин ҳақи як мусалмон бар бародараш ин аст, ки посухи саломи ӯро гӯяд. Ҳаққи дуюм: Аёдат ва дидори шахси бемор аст. Ҳаққи сеюм: иштирок дар ҷаноза ва то қабристон рафтан аз пушти ҷаноза ва то дафн кардани майит онҷо мондан. Ҳаққи чаҳорум: Пазируфтани даъват, ки агар ӯ ба тӯйи арусӣ ё маросими дигар даъват шавад, бипазирад. Ҳаққи панҷум: касе, ки атса мезанад ва "Алҳамдуллилоҳ" мегӯяд дар посух ба ӯ "Ярҳамукаллоҳ" гуфта шавад, ки сипас худи атсазананда боз бигӯяд: "Яҳдикум Аллоҳ ва юслиҳ болакум" (Худованд шуморо ҳидоят ва хаёлатонро нек бидорад).فوائد الحديث
Аҳамияти дини Ислом бар устувории ҳуқуқ байни мусалмонон ва таҳкими бародарӣ ва муҳаббат байни онҳо.