Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хутбаи ҳоҷатро ба мо омӯхт

Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хутбаи ҳоҷатро ба мо омӯхт

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хутбаи ҳоҷатро ба мо омӯхт: Ҳамоно, ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст, мо аз Ӯ ёрӣ ва омӯрзиш мехоҳем ва аз шарру бадии нафсҳоямон ба Ӯ паноҳ мебарем, Ҳар касеро Аллоҳ ҳидоят кунад, барои ӯ гумроҳкунандае нест ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, барояш ҳидояткунандае нест, ва гувоҳӣ медиҳам, ки нест илоҳи барҳақ магар Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад бандаи Ӯ ва фиристодаи Ӯ Таъоло аст. (Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед [битарсед], [ҳамон зоте] ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро [низ] аз ӯ офарид ва аз [насли] он ду мардону занони бисёре пароканд. Ва аз Парвардигоре, ки ба [номи] Ӯ аз якдигар дархост мекунед, парво [тақво] намоед ва аз [гусастани] пайванди хешовандӣ бипарҳезед. Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ҳамвора муроқиб [-у нигаҳбони] шумост.) (Сураи Нисо: 1). ( Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло – он гуна ки шоистаи парво кардан [тарсидан] аз Ӯст – парво кунед [битарсед] ва ҷуз дар мусулмонӣ намиред) (Сураи Оли Имрон: 102) (Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло парво кунед ва сухани рост ва дуруст бигӯед [Парҳезгор ва ростгӯ бошед] то Аллоҳ Таъоло корҳоятонро ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро биёмӯрзад ва [бидонед] ҳар кӣ аз Аллоҳ Таъоло ва Паёмбараш итоат кунад, яқинан ба комёбии бузурге даст ёфтааст. (Сураи Аҳзоб: 70 - 71)

[صحيح] [رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه والنسائي وأحمد]

الشرح

Ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба онҳо хутбаи ҳоҷатро омӯхт. Хутбаи ҳоҷат он аст, ки дар оғози суханронӣ дар хутбаҳо ва хутбаҳои мавриди ниёз, монанди хутбаи никоҳ ва хутбаи ҷумъа ва ғайра гуфта мешавад. Ин хутба дорои маъонии бузург аст, аз ҷумла баёни сазовор будани Аллоҳ Таъоло барои ҳамагуна ситоиш, ва танҳо аз Ӯ, ки ягона ва бидуни шарик аст талаби ёрӣ кардан, то Ӯ Таъоло гуноҳони моро бипӯшонад ва аз онҳо даргузарад ва аз ҳама бадиҳо, бадиҳои нафс ва ғайра ба Ӯ Таъоло паноҳ бибарем. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки ҳидоят ба дасти Аллоҳ аст, пас ҳар киро Ӯ Таъоло ҳидоят кунад, ӯро гумроҳкунанда нахоҳад буд ва ҳар киро гумроҳ кунад, ҳидояткунандае нахоҳад буд. Сипас аз шаҳодати тавҳид ёдовар шуданд, яъне "нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ" ва шаҳодати рисолат яъне "Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯ Таъолост" Паёмбари Худо ин хутбаро бо се ояти мазкур хотима бахшиданд, ки шомили тақво ва тарс аз Аллоҳ, бо анҷоми авомир ва дурӣ аз навоҳии Ӯ Таъоло ба қасди касби ризояти Аллоҳ Таъоло аст. Подоши ҳар кӣ чунин кард барояш гуфтору кирдори нек, омӯрзиши гуноҳон, зиндагии осоишта дар дунё ва дарёфти биҳишт дар охиратро хоҳад дошт.

فوائد الحديث

Оғоз кардани хутбаҳои никоҳ, ҷумъа ва ғайра бо ин хутба мустаҳаб аст.

Хутба бояд шомили ҳамду ситоиш ва шаҳодатайн ва бархе аз оятҳои қуръонӣ бошад.

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагон он чиро, ки дар динашон ба он ниёз доштанд, таълим медод.

التصنيفات

Аҳком ва шартҳои никоҳ