إعدادات العرض
Худованд панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниш замин ва осмонҳо, тақдири халоиқро навиштааст
Худованд панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниш замин ва осмонҳо, тақдири халоиқро навиштааст
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Худованд панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниш замин ва осмонҳо, тақдири халоиқро навиштааст, ва фармуд: Арши Худованд болои об буд".
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Kurdî Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore Oromoo Wolof Soomaali Tagalog Français Azərbaycan Українська bm தமிழ் Deutsch ქართული Português Македонски فارسی Magyar Русский 中文الشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди сарнавишти офариниш мефармояд, ки Худованд ҳама ончи дар тақдири инсонҳост, зиндагӣ, марг, рӯзӣ ва монанди инҳо, панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниши замину осмонҳо дар лавҳи маҳфуз ба таври муфассал навиштааст, ва мутобиқи ончи Ӯ Таъоло муқаддар фармудааст, воқеъ мешавад. Ҳар чизе воқеъ мешавад ба иродат ва тақдири Худовандӣ аст. Ончи бар банда расид, мумкин набуд, ба ӯ нарасад, ва ончи ба ӯ нарасидааст, мумкин набуд, ки ба ӯ бирасад.فوائد الحديث
Имон ба қазо ва қадар воҷиб аст.
Тақдир иборат аст аз: илми Худованд бар ҳама чиз, аз офариниш, навиштан ва иродаи Ӯ Таъоло бар онҳо.
Имон доштан бар инки тақдир пеш аз офариниши осмонҳо ва замин навишта шудааст, ки боиси ризоят ва таслим шудан мегардад.
Ва имон доштан бар инки Ъарши Худованд пеш аз офариниши осмонҳо ва замин болои об буд.
التصنيفات
Маротиби қазо ва қадар