Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?

Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?"Гуфтем: Оре. Фармуд: "се ояте, ки шумо дар намоз мехонед, беҳтар аз се шутури ҳомиладори фарбеҳ аст".

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) подоши се оят, ки дар намоз хонда мешавадро беҳтар аз он донистаанд, ки касе дар хонаи худ се шутури ҳомиладори фарбеҳ дошта бошад.

فوائد الحديث

Баёни фазилати хондани Қуръон дар намоз.

Амали нек беҳтар ва мондагортар аз мол ва матоъи фаношавандаи ин дунё аст.

Фазилати мазкур муқаяд танҳо ба хондани се оят нест, балки намозгузор ҳар қадар оятҳои бештар дар намоз бихонад, подоши он бештар аз он аст, ки ба адади он шутурҳои ҳомилаи фарбеҳ дошта бошад.

التصنيفات

Фазоили Қуръони карим