Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё…

Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ"

[حسن] [رواه أبو داود والترمذي والنسائي في الكبرى وأحمد]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ба ҳофизи Қуръон, касе, ки дар дунё онро ҳифз карда буд ва ҳамеша онро тиловат ва ба он амал мекард, чун дохили биҳишт шавад ба ӯ гуфта мешавад: Қуръонро бихон ва ба дараҷаҳои баланди биҳишт бирас, онро бо тартиб ва бодиққату оромиш бихон, ҳамон гуна, ки дар дунё тиловат мефармудӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту дар биҳишт бар асоси охирин оятест, ки мехонӣ.

فوائد الحديث

Подош дар охират бастагӣ ба андоза ва чигунагии амал дорад.

Ташвиқ ба тиловат, ҳифз, бо тартил хондан, тадаббур ва амал кардан ба Қуръон.

Биҳишт дорои манзилат ва дараҷаҳост, ки барои ҳофизони Қуръон баландтарин дараҷаи он аст.

التصنيفات

Фазилати иноят ба Қуръон, Фазоили Қуръони карим