إعدادات العرض
Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]
Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]
Аз Абумуҳаммад, Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб, набераи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва наваи дӯстдоштаи ӯ ривоят аст, ки гуфт: Аз Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ёд дорам, ки фармуд: "Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]".
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் ไทย Deutsch پښتو অসমীয়া Shqip Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Lietuvių دری Српски Kinyarwanda Română Magyar Čeština Moore Malagasy Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayu မြန်မာالشرح
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр фармуданд, ки инсон бояд чизеро, ки дар ҳалол ё ҳаром буданаш шакку шубҳа дорад, аз гуфтор ё кирдор, тарк кунад ва ба он чи ки шак надорад ва аз ҳалол буданаш мутмаин аст, рӯй оварад.فوائد الحديث
Барои як мусалмон лозим аст, ки корҳо ва амалашро бар асоси яқин бино кунад, на бар шубҳа. Ва бояд дар дини худ бо фаҳми равшан ва дониш амал намояд.
Наҳй аз воқеъ шудан дар чизҳои шубҳанок.
Агар оромии дил ва роҳатии хотир мехоҳӣ, пас чизҳои машкукро тарк кун ва онро канор гузор.
Аз раҳмату меҳрубонии Аллоҳ Таъоло нисбат ба бандагонаш аст, ки онҳоро ба чизҳое амр намудааст, ки боиси оромии нафс ва хотир мешавад ва онҳоро аз он чи боиси ташвиш ва саргардонӣ мешавад, манъ намудааст.
