إعدادات العرض
Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд
Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Бархе аз мардум аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи фолбинон пурсиданд ва Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Онҳо чизе нестанд". Гуфтанд: эй Расули Худо! Гоҳо онон чизе мегӯянд, ки он рух медиҳад. Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Hausa دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Soomaali Deutsch Moore Українська Български Wolof Azərbaycan ქართულიالشرح
Аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди касоне ки аз ғайб ва ончи дар оянда рух медиҳад хабар медиҳанд (яъне фолбинон), пурсида шуд, фармуданд: ба онон аҳамият надиҳед, гуфтаҳои онҳоро қабул накунед ва он ба шумо ҳеҷ дахл надорад. Гуфтанд: гоҳо ончи мегӯянд мутобиқ бо воқеият аст, монанди дар фалон рӯз ва дар фалон моҳ рух додани кори ғайбиеро мегӯянд ва ҳамон гуна, ки гуфтанд воқеъ мешавад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: ҷинҳо хабари осмониро мешунаванд ва онро рабуда ба назди авлиёи худ, ҳамон фолгирон, фурӯд меоянд ва ба онҳо мерасонанд ва фолгирон атрофи он хабар сад дурӯғи дигар меафзоянд.فوائد الحديث
Бовар кардан ба фолгирон наҳй шудааст, ҳарчи онҳо мегӯянд дурӯғ ва бофта аст, агарчи гоҳо дуруст ояд.
Осмон пас аз биъсати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз шайтонҳо ва шунидани ваҳй аз ҷониби онҳо ҳифз шудааст, магар шайтонҳое, ки дуздона гӯш кунанд ва аз исобати шаҳобҳо ҷон ба саломат баранд.
Ҷинҳо аз миёни мардум барои худ дӯст интихоб мекунанд.