Фариштагон касонеро, ки дар байнашон саг ё зангула аст, ҳамроҳӣ намекунанд

Фариштагон касонеро, ки дар байнашон саг ё зангула аст, ҳамроҳӣ намекунанд

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Фариштагон касонеро, ки дар байнашон саг ё зангула аст, ҳамроҳӣ намекунанд."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки фариштагон дар сафар бо гурӯҳе, ки ҳамроҳашон саг бошад ё зангулае бар ҳайвонҳо овехта мешавад ва ҳангоми роҳ рафтан овоз мебарорад, ҳамроҳӣ намекунанд.

فوائد الحديث

Наҳйи аз нигоҳдории саг ва ҳамроҳ бурдани он бо худ, ба ғайр аз сагҳои посбонӣ ва шикорӣ.

Фариштагоне, ки аз ҳамроҳӣ худдорӣ мекунанд, фариштагони раҳмат ҳастанд, на фариштагоне, ки амалҳои инсонро менависанд ва ҳамавақт дар сафару ғайри сафар бо ӯ ҳастанд.

Наҳйи аз зангула. Зеро зангула мизмори шайтон аст ва бо ноқуси насрониён монандӣ дорад.

Мусалмон бояд кӯшиш кунад, ки аз ҳарчизе, ки фариштагонро аз ӯ дур мекунад, дурӣ ҷӯяд.

التصنيفات

Фриштагон