Баъд аз пок шудан (аз ҳайз), тирагӣ ва зардиро чизе намешуморидем

Баъд аз пок шудан (аз ҳайз), тирагӣ ва зардиро чизе намешуморидем

Аз Умми Ъатия (разияллоҳу анҳо), ки бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) байъат карда буд, ривоят аст, ки гуфт: Баъд аз пок шудан (аз ҳайз), тирагӣ ва зардиро чизе намешуморидем.

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود بهذا اللفظ ورواه البخاري بدون زيادة (بعد الطهر)]

الشرح

Бонуи саҳобӣ, Умми Ъатия (разияллоҳу анҳо) баён мекунад, ки занон дар замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оберо, ки баъд аз пок шудан аз ҳайз, аз шармгоҳ мебаромад ва рангаш тира ё зард буд, ба назар намегирифтанд ва онро ҳайз ҳисоб намекарданд ва ба сабаби он намозу рӯзаро тарк намекарданд.

فوائد الحديث

Обе, ки (баъд аз пок шудан аз ҳайз) аз шармгоҳи зан меояд, ҳарчанд дар таркиби он тирагӣ ва зардӣ аз хун гирифташуда бошад ҳам, ҳайз ҳисоб намешавад.

Баромадани тирагӣ ва зардӣ, агар дар вақти ҳайз бошад, ҳайз ҳисобида мешавад, зеро хуне аст, ки дар вақташ баромада аст, агарчи бо об омехта бошад.

Зан баъд аз покӣ, ба сабаби тирагӣ ва зардӣ намозу рӯзаро тарк намекунад, балки таҳорат карда намозашро мегузорад.

التصنيفات

Ҳайз, нифос ва истиҳоза