إعدادات العرض
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) фармуд: "Ин ду нафар бузургони миёнсолони аҳли биҳиштанд аз аввалинҳо ва охиринҳо, ғайр…
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) фармуд: "Ин ду нафар бузургони миёнсолони аҳли биҳиштанд аз аввалинҳо ва охиринҳо, ғайр аз паёмбарон ва расулон
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) фармуд: "Ин ду нафар бузургони миёнсолони аҳли биҳиштанд аз аввалинҳо ва охиринҳо, ғайр аз паёмбарон ва расулон."
[Саҳеҳ] [رواه الترمذي]
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Русский 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Indonesia اردو Hausa Kurdî Português Nederlands Tiếng Việt অসমীয়া ગુજરાતી Kiswahili پښتو සිංහල Tagalog മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Svenska Moore Română Українська ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Türkçe አማርኛ বাংলা Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Malagasy Kinyarwanda Српски Shqip தமிழ் မြန်မာ Oromoo Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Абубакри Сиддиқ ва Умари Форуқ (разияллоҳу анҳумо) беҳтарин инсонҳо пас аз паёмбарон мебошанд ва беҳтарин касоне ҳастанд, ки пас аз паёмбарон ва фиристодагон ба биҳишт дохил мешаванд.فوائد الحديث
Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) беҳтарин мардум пас аз паёмбарон ва фиристодагон ҳастанд.
Дар биҳишт пирӣ вуҷуд надорад, балки ҳар касе ба он дохил шавад, дар синни сиюсесола хоҳад буд. Мақсад аз вожаи "куҳл" дар ҳадис он аст, ки ин ду шахс сарварони касоне ҳастанд, ки дар дунё дар ҳоли миёнсолӣ вафот кардаанд, ё он ки сухан ба эътибори ҳолате гуфта шудааст, ки онҳо дар дунё ҳангоми гуфтанаш дар он ҳолат буданд.
