إعدادات العرض
Ҳар ки барои пирӯзии дини Аллоҳ биҷангад, ӯ дар роҳи Аллоҳ ҷангидааст
Ҳар ки барои пирӯзии дини Аллоҳ биҷангад, ӯ дар роҳи Аллоҳ ҷангидааст
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи марде пурсиданд, ки аз рӯи шуҷоат меҷангад ва марде, ки аз рӯи таассуб меҷангад ва марде, ки аз рӯи риё меҷангад, кадом яке аз онҳо дар роҳи Аллоҳ аст? Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки барои пирӯзии дини Аллоҳ биҷангад, ӯ дар роҳи Аллоҳ ҷангидааст."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Français ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî മലയാളം Kiswahili සිංහල Русский دری Svenska অসমীয়া Tiếng Việt Кыргызча Yorùbá ગુજરાતી नेपाली Română Nederlands Soomaali پښتو తెలుగు Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Wolof Moore Lietuvių ქართული Українська Čeština Magyar Македонски Azərbaycan Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ Kurmancîالشرح
Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ҳадафҳои мухталифи ҷанговарон пурсида шуд. Кӣ аз ҷасорат, ё аз таассуб, ё барои дидани ҷойгоҳи худ дар миёни мардум ва ё дигар, кадоми инҳо ба хотири Аллоҳ ҷанг мекунад? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки ҷанговар дар роҳи Аллоҳ касест, ки барои пирӯзии дини Худо биҷангад.فوائد الحديث
Асос дар дурустӣ ва фасоди амалҳо ният ва ихлоси амал барои Аллоҳ аст.
Агар мақсади аслӣ аз ҷиҳод пирӯзии дини Худо бошад ва ҳадафи машруъи дигаре, ба монанди ба даст овардани ғанимат ба он илова шавад, ба асли ният осеб намерасонад.
Дифоъи ватан ва ҳарими худ аз душманон, аз ҷумлаи ҷанг дар роҳи Аллоҳ аст.
Фазилати дар бораи муҷоҳидин зикршуда, вижаи касонест, ки барои пирӯз шудани дини Аллоҳ ҷангидаанд.
التصنيفات
Одоби ҷиҳод