إعدادات العرض
Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид…
Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд. Ва ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба яке аз мардон амр кунам барои мардум намоз бихонад, сипас ҳамроҳ бо мардоне, ки бастаҳое аз ҳезум ба ҳамроҳ доранд ба сӯйи ақвоме биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам."
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी বাংলা ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands සිංහල دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली or ಕನ್ನಡ Română Soomaali Српски Wolof Українська Moore Tagalog Azərbaycan ქართული Magyar Македонски Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Italiano O‘zbek Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи мунофиқон ва танбалии онон аз ҳозир шудан дар намоз, ба хусус дар намозҳои хуфтан ва бомдод хабар доданд. Ва ин ки агар миқдори аҷру савоби ҳозир шудан дар ин намозҳо ҳамроҳ бо ҷамоати мусалмононро медонистанд, ҳатто монанди кӯдакон хазида бар дасту зону дар ин намозҳо ҳозир мешуданд. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасмим гирифт, ки амр кунад то намозро барпо кунанд ва ба ҷои худ мардеро имом интихоб кунад ва сипас худ бо бастаҳои аз ҳезум ба сӯи мардоне биравад, ки дар ҷамоат ҳозир намешаванд ва хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонанд. Ва ин ба сабаби сахтии гуноҳе буд, муртакиб мешуданд. Аммо эшон чунин накарданд, зеро дар ин хонаҳо занону кӯдакони бегуноҳ ва дигар касоне ҳастанд, ки узр доранд ва гуноҳе надоранд.فوائد الحديث
Хатари тарки намози ҷамоат дар масҷид.
Мунофиқон дар анҷом додани ибодатҳояшон қасде ҷуз риёкорӣ ва шуҳрат надоштанд. Зеро онон барои намоз намеоянд, магар ҳангоме ки мардум ононро бубинанд.
Бузургии аҷру савоби адо кардани намози хуфтан ва бомдод бо ҷамоат аст ва ин ки ин ду намоз сазовортар ба адо кардан бо ҷамоатанд, агарчи бо хазидан ба сӯйи онҳо бошад.
Муҳофизат бар намозҳои хуфтан ва бомдод сабаби дар амон мондан аз нифоқ аст ва тарки ин ду намоз аз хислатҳои мунофиқон аст.
