إعدادات العرض
Касе, ки ба сӯи ҳидоят даъват кунад, барояш аҷри касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз аҷру савоби онҳо чизе кам шавад
Касе, ки ба сӯи ҳидоят даъват кунад, барояш аҷри касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз аҷру савоби онҳо чизе кам шавад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе, ки ба сӯи ҳидоят даъват кунад, барояш аҷри касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз аҷру савоби онҳо чизе кам шавад. Ва касе, ки ба сӯи гумроҳӣ даъват кунад, барояш монанди гуноҳи касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз гуноҳони онон чизе кам шавад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or Tiếng Việt नेपाली Kinyarwanda తెలుగు Lietuvių Română മലയാളം Nederlands Soomaali Српски Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Wolof Moore Shqip ქართული Azərbaycan Magyar Македонски தமிழ் မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намудааст, ки ҳар ки мардумро бо гуфтор ё кирдор ба роҳе роҳнамои кунад ё ташвиқ намояд, ки ҳақ ва некӣ дар он аст, монанди аҷру савоби касоне, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд, мегирад, бидуни ин ки аз аҷру савоби онон чизе кам шавад. Ва касе, ки мардумро бо гуфтор ё кирдор ба роҳи ботил ва шарре, ки шомили гуноҳ ва кори ҳаром аст, роҳнамоӣ кунад, монанди гуноҳи касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунад, хоҳад гирифт, бидуни ин ки аз гуноҳони онон чизе кам шавад.فوائد الحديث
Фазилати даъват ба ҳидоят, хоҳ кам бошад, хоҳ бисёр ва ин ки даъваткунандаи ба сӯи он барояш монанди аҷру савоби анҷомдиҳандааш хоҳад буд ва ин аз фазлу карами Аллоҳ аст.
Хатари даъват ба гумроҳӣ, хоҳ кам бошад хоҳ зиёд ва ин ки даъваткунанда ба сӯи гумроҳӣ, монанди гуноҳи анҷомдиҳандаашро хоҳад гирифт.
Подош аз ҷинси амал аст. Бинобар ин касе, ки ба сӯи некӣ даъват мекунад, монанди аҷру савоби анҷомдиҳандаашро мегирад. Ва касе, ки ба сӯи бадӣ ва гумроҳӣ даъват мекунад, монанди гуноҳи анҷомдиҳандаашро мегирад.
Мусалмон бояд аз он барҳазар бошад, ки дар ҳолати ошкоро гуноҳ кардан - тавре ки мардум ӯро бубинанд - мардум аз ӯ улгӯ бигиранд. Зеро дар ин ҳолат гуноҳи касоне, ки аз ӯ тақлид мекунанд низ бар гардани ӯ хоҳад бад. Агарчи ононро ба ин кор ташвиқ накарда бошад.
التصنيفات
Бидъат