إعدادات العرض
Эй мардум! Аз ғулув ва зиёдаравӣ барҳазар бошед, зеро касонеро, ки пеш аз шумо буданд, ғулуви дар дин ҳалок кард
Эй мардум! Аз ғулув ва зиёдаравӣ барҳазар бошед, зеро касонеро, ки пеш аз шумо буданд, ғулуви дар дин ҳалок кард
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) субҳи рӯзи Ақаба дар ҳоле ки бар шутураш буд, фармуд: "Бароям сангреза ҷамъ кун". Барои ӯ ҳафт сангрезаи бузургтар аз нахуд ҷамъ кардам, онҳоро дар кафи дасташ мегардонд ва мефармуд: "Бо монанди инҳо рамй кунед" (шайтонро санг занед). Сипас фармуд:" Эй мардум! Аз ғулув ва зиёдаравӣ барҳазар бошед, зеро касонеро, ки пеш аз шумо буданд, ғулуви дар дин ҳалок кард."
[Саҳеҳ] [رواه ابن ماجه والنسائي وأحمد]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt Hausa پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली മലയാളം Čeština Română Kinyarwanda Nederlands Soomaali తెలుగు Lietuvių Српски Українська Shqip ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Magyar Azərbaycan Македонски አማርኛ Malagasy Deutsch Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки субҳи рӯзи санг задани ҷамраи Ақаба дар ҳаҷҷатул-вадоъ ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки барояш сангреза ҷамъ кунад, пас барои Ӯ ҳафт сангреза овард, ки ҳар кадоми он ба ҳаҷми нахуд ё фундук буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро дар дасташ гузошт ва таккон дод ва фармуд: Ба мисли ҳаҷми инҳо санг бизанед. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ғулув ва зиёдаравӣ ва аз ҳад гузаштан дар умури дин ҳушдор дод. Зеро умматҳои пешин низ ба воситаи гузаштан аз ҳад ва ифроту сахтгирӣ дар дин, ҳалок шуданд.فوائد الحديث
Манъи ифротгароӣ дар дин ва шарҳ додани оқибати бади он ва сабаби ҳалокат будани он.
Ибрат гирифтан аз умматҳои пешин то аз хатогиҳои содиркардаашон канорагирӣ кунем.
Ташвиқ ба пайравӣ аз Суннат.
التصنيفات
Масъалаҳои ҷоҳили