إعدادات العرض
Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд
Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: ба Паёмбари Худо гуфтанд: эй Паёмбари Худо аз ҳама хушбахттар ба шафоати ту дар рӯзи қиёмат кист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Эй Абуҳурайра аз сабаби аз ҳама бештар аҳамият доданат бар аҳодиси ман, гумон доштам касе пеш аз ту дар ин маврид намепурсад. Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල தமிழ் ไทย دری Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda O‘zbek Akan नेपाली Moore Azərbaycan Wolof Oromoo Soomaali Українська bm km rn ქართული mk Српски lnالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки баҳрамандтарин мардум дар рӯзи қиёмат аз шафоати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касе аст, ки аз самими қалб ва холисона "Ло илоҳа иллаллоҳ", яъне нест маъбуде барҳақ магар Аллоҳ, бигӯяд ва дар айни ҳол бадур ва пок аз ширк ва риё бошад.فوائد الحديث
Исботи шафоати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи қиёмат ва инки шафоати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фақат барои яктопарастон аст.
Шафоати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин аст, ки Паёмбари Худо аз даргоҳи Худованд истидъо (тавассул) мекунад то муваҳидоне ки сазовори дӯзах шудаанд ба онҷо ворид нашаванд ва ё он муваҳидоне, ки дохили дӯзах шудаанд аз он берун карда шаванд.
Фазилати аз самими қалб ба забон овардани калимаи тавҳид ва асари бузурги он.
Калимаи тавҳид пас аз донистани маънои он ва амал кардан ба муқтазои он таҳаққуқ меёбад.
Фазилати шахсияти Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ва эҳтимоми ӯ ба илм.
التصنيفات
Тавҳиди улуҳият