Ҳар ки дар ҳоле бимирад, ки ба ҷои Аллоҳ ҳамтоеро фаро мехонд, ба дӯзах медарояд

Ҳар ки дар ҳоле бимирад, ки ба ҷои Аллоҳ ҳамтоеро фаро мехонд, ба дӯзах медарояд

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сухане гуфт ва ман сухане гуфтам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки дар ҳоле бимирад, ки ба ҷои Аллоҳ ҳамтоеро фаро мехонд, ба дӯзах медарояд". Ва ман гуфтам: Ҳар ки дар ҳоле бимирад, ки барои Аллоҳ ҳамтоеро фаро нахонад, вориди биҳишт мешавад.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро хабар медиҳад, ки ҳар касе чизе, ки аз хусусиятҳои Аллоҳ бошад ва онро барои ғайри Ӯ анҷом диҳад, монанди дуои ғайри Аллоҳ Таъоло ва ёрӣ талаб кардан аз ғайри Аллоҳ ва дар ин ҳолат бимирад, аз аҳли дӯзах аст. Ибни Масъуд афзуд, ки ҳар кас дар ҳоле бимирад ва чизеро барои Аллоҳ шарик қарор надиҳад, сарнавишташ ба биҳишт аст.

فوائد الحديث

Дуо ибодат аст ва набояд барои ғайри Аллоҳ анҷом дода шавад.

Фазилати тавҳид ва ҳар ки бар тавҳид бимирад, ба биҳишт дохил мешавад, агарчи барои баъзе аз гуноҳонаш азоб дода шавад.

Хатари ширк ва ҳар ки бар ширк бимирад, ба ҷаҳаннам дохил мешавад.

التصنيفات

Тавҳиди улуҳият