إعدادات العرض
Пас бар чӣ чизе бо шумо байъат кунем? Фармуд:"Бар ин ки Аллоҳро ибодат кунед ва чизеро ба Ӯ шарик наёваред ва намозҳои панҷгонаро адо кунед. Ва ин ки итоат кунед - ва…
Пас бар чӣ чизе бо шумо байъат кунем? Фармуд:"Бар ин ки Аллоҳро ибодат кунед ва чизеро ба Ӯ шарик наёваред ва намозҳои панҷгонаро адо кунед. Ва ин ки итоат кунед - ва чизеро паст гуфт нафаҳмидем - ва аз мардум чизе напурсед
Аз Абумуслими Хавлонӣ ривоят аст, ки гуфт: Шахси маҳбуб ва амин барои ман гуфт, аммо ӯ барои ман маҳбуб ва наздам амин аст. Авф ибни Молики Ашҷаъӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: Мо нуҳ ё ҳашт ё ҳафт нафар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будем. Он Ҳазрат фармуд: "Оё бо Паёмбари Аллоҳ байъат намекунед?" Мо чанде пеш байъат карда будем. Пас гуфтем: Бо шумо байъат кардаем, эй Расули Аллоҳ. Сипас гуфт: "Оё бо Паёмбари Аллоҳ байъат намекунед?" Пас гуфтем: Бо шумо байъат кардаем, эй Расули Аллоҳ. Сипас гуфт: " Оё бо Паёмбари Аллоҳ байъат намекунед?" Ровӣ мегӯяд: Дастонамонро дароз кардем ва гуфтем: Бо шумо байъат кардаем эй Расули Аллоҳ! Пас бар чӣ чизе бо шумо байъат кунем? Фармуд:"Бар ин ки Аллоҳро ибодат кунед ва чизеро ба Ӯ шарик наёваред ва намозҳои панҷгонаро адо кунед. Ва ин ки итоат кунед - ва чизеро паст гуфт нафаҳмидем - ва аз мардум чизе напурсед". Баъзе аз он афродро дидам, ки тозиёнааш аз дасташ меафтод ва аз касе дархост намекард, ки онро ба дасти ӯ бидиҳад.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Kurdî Kiswahili Português Русский Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Shqip Wolof Українська ქართული Moore Magyar Македонски Azərbaycan Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо чанде аз саҳобагон буд, пас се бор аз онон хост, ки бо ӯ байъат кунанд ва бар пойбандӣ ба чанд кор аҳд бибанданд: Якум: Ибодати Аллоҳ Таъоло бо итоати фармудаҳои Ӯ ва парҳез аз наҳйиҳои Ӯ ва ширк наовардани чизеро ба Ӯ. Дуввум: Хондани намозҳои фарзи панҷгона дар шабонарӯз. Сеюум: Гӯш кардан ва итоат кардан ба шеваи оқилона аз касе, ки валии амри мусалмонон аст. Чаҳорум: Дархости ҳама ҳоҷатҳояшонро аз Аллоҳ Таъоло ва дархост накардани чизе аз мардум. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоми баён кардани ин кор садои худро паст карданд. Саҳоба (разияллоҳу анҳум) он чиро, ки ба он байъат карда буданд, анҷом доданд, то ҷое, ки ровии ҳадис мегӯяд: Ман дидам, ки баъзе аз он саҳобагон тозиёнааш меафтод, аммо аз касе дархост намекард, ки онро ба ӯ гирифта диҳад, балки аз маркабаш поин омада худаш онро мегирифт.فوائد الحديث
Ташвиқ ба тарки дархост аз мардум ва дурӣ аз ҳар он чи дархост ё пурсидан номида мешавад ва бениёзӣ аз мардум ҳатто дар корҳои оддӣ.
Савол ва дархосте, ки аз он наҳйи шудааст марбут ба корҳои дунявӣ аст. Бинобар ин саволи илмӣ ва масъалаҳои диниро дар бар намегирад.
التصنيفات
Тавҳиди улуҳият