Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои…

Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои гузаштаро суоли зиёд ва мухолифат бо паёмбаронашон ба ҳалокат расонд

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои гузаштаро суоли зиёд ва мухолифат бо паёмбаронашон ба ҳалокат расонд. Бинобар ин ҳаргоҳ шуморо аз чизе боздоштам, аз он дурӣ намоед ва чун шуморо ба анҷоми коре дастур додам, то ҷое, ки метавонед ба он амал кунед".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳукмҳои шаръӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: Он чи дар борааш сукут шудааст, наҳйҳо ва амрҳо. Аммо аввал: Он чизе аст, ки шаръ дар борааш сукут кардааст, яъне ҷое, ки ҳукм надорад ва асл дар ҳар чиз адами вуҷуб аст. Дар даврони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) воҷиб он буд, ки дар бораи он чизе, ки рух надодааст, пурсида нашавад, аз бими он ки мабодо дар бораи он воҷиб ё таҳрим нозил нашавад. Зеро Аллоҳ Таъоло онро аз рӯйи раҳматаш барои бандагонаш тарк кардааст. Аммо баъд аз вафоти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) агар суол дар шакли фатво ё таълими чизе, дар амри дин лозим бошад, ҷоиз аст, балки ба ин пурсиш амр шудааст. Аммо агар пурсиш аз рӯӣ сахтгирӣ ва такаллуф бошад, ин ҳамон пурсише аст, ки дар ҳадис аз он наҳй шудааст. Зеро ин метавонад сабаби он чизе шавад, ки ба Банӣ Исроил рӯй дод. Вақте ки ба забҳи модагове амр шуданд, агар ягон говро забҳ мекарданд, корашон ба охир расида буд, аммо онон сахтгирӣ карданд ва бар онон сахт гирифта шуд. Дувум: Наҳйшудаҳо, яъне ҳар ки онҳоро тарк кунад савоб мегирад ва касе онҳоро тарк накунад муҷозот мешавад. Пас, бояд аз ҳамааш дурӣ кард. Севум: Фармудаҳо, яъне он чизҳоест, ки анҷом диҳандааш савоб мегирад ва тарк кунандааш муҷозот мешавад. Пас, бояд ба андозаи тавоноӣ анҷомаш дод.

فوائد الحديث

Инсон бояд ба он чизе, ки аз ҳама муҳим ва зарур аст, таваҷҷуҳ кунад ва он чизеро, ки лозим нест, тарк кунад ва бо пурсиши он чизе, ки рӯй надодааст, банд нашавад.

Саволҳое, ки метавонанд масъалаҳоро печидатар гардонанд ва дари шубҳаҳоеро, ки боиси ихтилофоти зиёд мешаванд, боз кунанд, ҳаром аст.

Амр ба тарки ҳамаи манҳиёт, зеро тарки он кори душворе нест. Бинобар ин, наҳй аз он ба таври умумӣ ворид шудааст.

Амр ба анҷоми маъмурот ба қадри тавоноӣ аст, зеро анҷоми амр шояд бо душворӣ бошад ва ё шояд шахс аз уҳдаи ин кор набарояд. Барои ҳамин амр ба ин корҳо бар қадри тавоноӣ аст.

Наҳй аз зиёд пурсидан. Олимон пурсишро ба ду қисм ҷудо кардаанд: якум, он чи ба шакли таълим ва омӯзиш аст, яъне омӯхтани он чизҳое, ки дар дин ба он ниёз аст. Ин пурсиш матлуб аст ва пурсишҳои саҳоба аз ин навъ буданд. Дувум: пурсиш аз рӯй такаллуф бошад, ки аз ин пурсиш наҳй шудааст.

Ҳушдори ин уммат аз нофармонии паёмбараш, чунон ки дар умматҳои пеш аз ӯ низ рух додааст.

Аз ҳад зиёд пурсидан дар бораи чизҳои нолозим ва ихтилоф бо паёмбарон сабаби ҳалокат аст. Бахусус, дар корҳое, ки наметавон ба он даст ёфт ва аз он огоҳ шуд, монанди масъалаҳои ғайбӣ, ки танҳо Аллоҳ аз он огоҳ аст ва аҳволи рӯзи қиёмат.

Наҳй аз пурсиш дар корҳои душвор. Авзоӣ мегӯяд: Агар Худованд бихоҳад, ки бандаашро аз баракати илм маҳрум созад, масъалаҳои печида ва душворро бар забонаш ҷорӣ месозад, ман ононро аз комилмтарин мардум ёфтаам. Ибни Ваҳб мегӯяд: Моликро шунидам, ки мегуфт: Ҷадал ва муноқиша дар илм, нури илмро аз дили инсон дур мекунад.

التصنيفات

Паёмбарон ва расулони пешин алайҳимус-салом, Далолатҳои лафз ва чигунагии истинбот