Он чизеро, ки дар (бораи дуруст будани) он шак дорӣ, тарк кун ва ба он чизе рӯй биёр, ки дар он шак надорӣ, Зеро ростгӯӣ оромиш меорад ва дурӯғ, шакку шубҳа ба вуҷуд…

Он чизеро, ки дар (бораи дуруст будани) он шак дорӣ, тарк кун ва ба он чизе рӯй биёр, ки дар он шак надорӣ, Зеро ростгӯӣ оромиш меорад ва дурӯғ, шакку шубҳа ба вуҷуд меорад

Аз Абуҳаврои Саъдӣ ривоят аст, ки гуфт: Ҳасан ибни Алӣ (разияллоҳу анҳумо)-ро гуфтам: Чи чизро аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ёд дорӣ? Гуфт: Аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) инро дар ёд дорам, ки фармуданд: "Он чизеро, ки дар (бораи дуруст будани) он шак дорӣ, тарк кун ва ба он чизе рӯй биёр, ки дар он шак надорӣ, Зеро ростгӯӣ оромиш меорад ва дурӯғ, шакку шубҳа ба вуҷуд меорад".

[صحيح]

الشرح

Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки: Он чизеро, ки дар дурустияш шубҳа дорӣ, хоҳ гуфтор бошад, ё амал, дар ҳаром будан ё набудан, ҳалол ё ҳаром будан, тарк кун, ва рӯй биёр ба он чизе, ки дар дурустӣ ва ҳалол буданаш яқин дорӣ. Зеро қалб ба чизе, ки ҳалол ва некӯ будани он маълум аст, ором мегирад ва ба он мутмаин мешавад. Аммо ҳар он чи шубҳаовар аст, қалбро ба изтироб ва нороҳатӣ меандозад.

فوائد الحديث

Барои як мусалмон лозим аст, ки корҳо ва амалашро бар асоси яқин бино кунад, на бар шубҳа. Ва бояд дар дини худ бо фаҳми равшан ва дониш амал намояд.

Наҳй аз воқеъ шудан дар чизҳои шубҳанок.

Агар оромии дил ва роҳатии хотир мехоҳӣ, пас чизҳои машкукро тарк кун ва онро канор гузор.

Аз раҳмату меҳрубонии Аллоҳ Таъоло нисбат ба бандагонаш аст, ки онҳоро ба чизҳое амр намудааст, ки боиси оромии нафс ва хотир мешавад ва онҳоро аз он чи боиси ташвиш ва саргардонӣ мешавад, манъ намудааст.

التصنيفات

Таъоруз ва тарҷиҳ