إعدادات العرض
Ғазаб накун
Ғазаб накун
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: Марде ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: маро насиҳат кун. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун". Он мард чанд бор аз Паёмбар насиҳат хост, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун".
[صحيح] [رواه البخاري]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili فارسی မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල தமிழ் ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Malagasy Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan ქართული bm Македонскиالشرح
Яке аз саҳобагон аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хост ӯро ба коре, ки манфиат бахшад роҳнамои кунад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: "Ғазаб накун", яъне аз амалҳое, ки сабаби ба вуҷуд омадани хашму ғазаб мешавад дурӣ кунад, агар асабонӣ мешавад саъй кунад оташи ғазабашро фурӯ нишонад, то кор ба куштан, задан, дашном додан ва ғайра нарасад. Он мард чанд бор насиҳат хост, аммо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чизе ҷуз "Ғазаб накун" изофа нафармуд.فوائد الحديث
Огоҳӣ аз ғазаб кардан ва сабабҳои он, зеро ғазаб бадиҳо дар пай дорад ва ҳазар аз он сабаби руидани некиҳост.
Аммо ғазаб барои Худованд, ба монанди ба ғазаб омадан дар ҳоли поймол шудани фармудаҳои Аллоҳ, мавриди ситоиш аст.
Такрори сухан агар ба он ниёз бошад, то шунаванда аз он огоҳ шавад ва ба аҳамияти он пай бибарад.
Фазилати талаби насиҳат аз донишмандон.
التصنيفات
Ахлоқи писандида