إعدادات العرض
Аз гумон барҳазар бошед, зеро гумон дурӯғтарин сухан аст
Аз гумон барҳазар бошед, зеро гумон дурӯғтарин сухан аст
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз гумон барҳазар бошед, зеро гумон дурӯғтарин сухан аст ва дар пайи пӯшидаҳои мардум набошед, таҷассус накунед ва бо якдигар ҳасодат наварзед ва ба ҳам пушт нагардонед ва бо ҳам кина наварзед ва бандагони Аллоҳ (ва) бародарони ҳам бошед."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە සිංහල دری Кыргызча or Kinyarwanda नेपाली Română Lietuvių Nederlands Soomaali Српски Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar Македонски አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз баъзе чизҳое, ки боиси тафриқа ва адоват миёни мусалмонон мешавад, манъ ва ҳушдор медиҳад. Ва аз ҷумлаи онҳо ин: (Гумони бад кардан аст) ва он туҳматест, ки бе далел дар дил пайдо мешавад. Ва баён намуданд, ки он аз дурӯғтарин сухан аст. Маънои (таҳассус) ҷустуҷӯи пӯшидаҳои мардум бо чашму гӯш мебошад. Аммо маънои (таҷассус) ҷосусӣ ва ҷустуҷӯ кардани чизҳои ниҳон аст ва ин калима бештар дар бораи ҷустуҷӯйе, ки ба ҳадафи бад бошад, кор бурда мешавад. Ва маънои (ҳасад) бошад, написандидани расидани неъмат барои дигарон аст. Вожаи (тадобур) (пушт гардонидан ба якдигар), яъне рӯй гардонидан аз ҳамдигар ва ба ҳам салом накардану ба дидори бародари мусалмон нарафтан аст. Ва аммо (табоғуз) (кина варзидан) ба маънои кина ва нафрат аз ҳамдигар аст, монанди озор расонидан, рӯй турш кардан ва бадрафтори кардан бо дигарон мебошад. Сипас як калимаи мухтасар ва мукаммале гуфт, ки ба воситаи он робитаи мусалмонон ба якдигар ислоҳ мешавад: "Бандагони Аллоҳ ва бо якдигар бародар бошед." Бародарӣ пайвандест, ки муносибатҳои байни одамонро пайваста мемонад ва муҳаббат ва дӯстӣро байни онҳо афзун мекунад.فوائد الحديث
Гумони бад ба касе, ки нишонаҳои бад дар ӯ ошкор аст, зиён надорад ва муъмин бояд ҳаким ва хирадманд бошад ва фиреби бадкорон ва фосиқонро нахӯрад.
Манзур, ҳушдор нисбат ба онҳое аст, ки туҳмате дар дилашон ҷой гирад, бар он пофишорӣ мекунанд. Аммо он чизе, ки лаҳзае бар дил хутур мекунад, вале дар он қарор намегирад, дар таклиф дохил нест.
Сабабҳои нафрат ва носозгорӣ ва дурӣ миёни афроди ҷомеаи исломӣ ҳаром аст, аз ҷумла таҷассус, ҳасодат ва монанди онҳо.
Тавсия, ба муомила бо мусалмон ба монанди муомила бо бародар дар насиҳат ва муҳаббат.
التصنيفات
Ахлоқи нописанд