إعدادات العرض
Нерӯманд касе нест, ки ҳарифро бар замин мезанад, балки нерӯманд касест, ки ҳангоми ғазаб худро идора мекунад
Нерӯманд касе нест, ки ҳарифро бар замин мезанад, балки нерӯманд касест, ки ҳангоми ғазаб худро идора мекунад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Нерӯманд касе нест, ки ҳарифро бар замин мезанад, балки нерӯманд касест, ки ҳангоми ғазаб худро идора мекунад".
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Bahasa Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Français Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ Русский Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan Malagasy ქართული Lingala bm Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён мефармоянд, ки нерӯи ростин нерӯи бадан нест, ё нерӯманд касе нест, ки паҳлавононро бар замин мезанад, балки нерӯманд касе аст, ки ҳангоми хашму ғазаб болои худ ғолиб меояд, зеро ин нишони қудрат ва пирӯзии ӯ бар шайтон аст.فوائد الحديث
Фазилати бурдборӣ ва худдорӣ ҳангоми хашм ва инки ин амалкард аз амалҳои шоистае аст, ки дини ислом ба он ташвиқ мекунад.
Худдорӣ ҳангоми хашму ғазаб душвортар аз мубориза бо душман аст.
Ислом маъно ва мафҳуми тавон ва қудрати замони ҷоҳилӣ ва пеш аз исломро ба маънои ахлоқи наҷиб табдил додааст, яъне тавонотарин шахс касест, ки бар худ мусаллат бошад.
Дурӣ кардан аз асабоният ва ғазаб, ба сабаби онки осеб ба афрод ва ҷомеа мерасонад.
التصنيفات
Ахлоқи писандида