إعدادات العرض
Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад
Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: «Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад; ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояаашро гиромӣ дорад, ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро икром намояд».
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල தமிழ் ไทย دری Fulfulde Magyar ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan ქართული Lingala bm Македонски Malagasyالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки ҳар касе ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дорад, ки бозгашташ ба он ҷост ва бар асоси амалҳояш подош дода мешавад, имонаш ӯро ба анҷоми аъмоли зер водор месозад: Аввал: Сухани нек, аз ҷумла тасбеҳу таҳлил ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ислоҳкорӣ байни мардум. Пас агар ҳар кӣ ин амалҳоро анҷом намедиҳад сукутро интихоб кунад ва аз озори мардум бипарҳезад ва забонашро нигоҳ дорад. Дуввум: Эҳтироми ҳамсоя, бо некӣ кардан ва зарар нарасонидан ба ӯ. Севум: Иззат ва эҳтироми меҳмоне, ки ба дидори ту меояд, яъне пазироӣ аз ӯ бо сухани нек ва гузоштани дастархон ва ончи муяссар барои туст.فوائد الحديث
Имон ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат сарчашмаи ҳама некиҳост ва инсонро ба анҷоми некиҳо фаро мехонад.
Ҳушдор ва огоҳӣ аз захмҳои забонӣ.
Дини Ислом дини улфат ва саховатмандӣ аст.
Сифатҳои мазкур аз шохаҳои имон ва аз одоби ҳамида ҳастанд.
Пургӯӣ ва зиёдаравӣ дар сухан мумкин аст сабаби воқеъ шудан дар макрӯҳ ва ё ҳаром гардад, ҳамингуна некӣ дар сухан нагуфтан аст, магар инки сухани нек бигӯяд.
التصنيفات
Ахлоқи писандида