إعدادات العرض
Хонаҳои худро (ба монанди) қабристон нагардонед, Ҳамоно шайтон аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад гурезон аст
Хонаҳои худро (ба монанди) қабристон нагардонед, Ҳамоно шайтон аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад гурезон аст
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Хонаҳои худро (ба монанди) қабристон нагардонед, Ҳамоно шайтон аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад гурезон аст".
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी বাংলা Español Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Hausa دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Soomaali Moore Українська Български Tagalog Wolof Azərbaycan ქართული bm Oromoo Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз намоз нахондан дар хонаҳо наҳй фармудаанд, зеро он монанди қабристон мешавад, ки дар онҷо намоз хонда намешавад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад, шайтон гурезон аст.فوائد الحديث
Зиёд анҷом додани ибодот ва намозҳои нофила гузоштан дар хона мустаҳаб аст.
Намоз хондан дар қабристон ҷоиз нест, зеро он василае аз василаҳои ширк ва зиёдаравӣ дар баробари мурдагон аст, ба ҷуз намози ҷаноза, ки хондани он ҷоиз аст.
Намоз нахондан дар назди қабр низ аз саҳобагон ҳам ворид шудааст, бинобарин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр фармуданд то дар хонаҳо низ намоз хонда шавад то монанди қабристон, ки онҷо намоз гузошта намешавад, нагарданд.
التصنيفات
Фазоили сураҳо ва оятҳо